Имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Июль 25, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар воҳидҳои сохтории вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Варзоб Маҳмадулло Шерализода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Шарифхон Сафарзода , ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт, Раиси ноҳияи Варзоб таъйин гардид.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Комилбек Амид, ки ба ҳайси ноиби Ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Мавлуда Бойназарзода Директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ таъйин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳо таъкид карданд, ки дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

Июль 25, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд