«КОХИ НУР» — ШОҲКОРИИ БУЗУРГИ АСР. Ва ё дар партави нури «Роғун» парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза мегиранд

Июль 20, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба  истиқлолияти энергетикӣ диққати махсус медиҳад. Махсусан бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» имрӯз ба масъалаи ҳаётан муҳим барои мардуми Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

«Ин иншооти бузурги аср, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида истодааст, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои иқтисодиёти кишварҳои ҳамсоя низ манфиатовар буда, самараи нек ба бор меорад. Яъне, ба туфайли бунёди ин иншооти аср мушкилоти бебарқӣ ва масъалаҳои ҳаётан муҳими якчанд кишварҳои дигар низ ҳалли худро меёбанд»,-мегӯяд номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Нурулло ҚУРБОНАЛИЗОДА.  

Ба андешаи мавсуф, оғози қарни 21 барои миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буда, давлату Ҳукумат рушди саноати миллиро яке аз самтҳои афзалиятнок эълон намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон бояд роҳи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ иваз намояд.

Имрӯз ба василаи рушду такомули соҳаҳои саноати кишвар нишондиҳандаҳои иқтисодии кишварамон беш аз пеш ишкишоф меёбанд, ки ин аз музаффарияти муҳими мо маҳсуб мешавад. Агар ба таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон назар андӯзем, аксари онҳо низ ба рушди саноат ва саноатикунонии кишварашон диққати махсус зоҳир намуда буданд.

Дарвоқеъ, имрӯз саноати миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар ба шумор рафта, ҷиҳати амалишавии ҳамаҷонибаи вазифа ва уҳдадориҳои давлат хизмат мерасонад ва соҳаҳои мухталифи он айни замон дар мамлакатамон нақши муассир доранд.

Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофии худ шароит ва имконияти зиёд дорад. Барои мисол, дар қаламрави он бузургтарин захираҳои обии минтақа ҷойгир шуда, яке аз роҳҳои ноил шудан ба саноатикунонии босуръати кишвар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳисоб меравад, ки  ҳамчун корзори нангу ори ҳар фарди мамлакат, ҷабҳаи заҳмати сохтмончиён, мояи ифтихору эътибор, ҷаҳду талоши бесобиқаи мардони далеру шуҷои Ватан ва дар маҷмуъ, ғурури миллат маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид иброз намуданд, ки «Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти ҳаётан муҳимми стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад».

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз сарбанди Неругоҳи барқи обии «Зин Пин I», ки дар Чин қарор дорад, бо 305 метр аз ҳама баландтарин маҳсуб мешавад. Пас аз бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо сарбанди 335 метр он мақоми баландтаринро дар ҷаҳон касб менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар қатори кишварҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи неруи барқ мавқеи махсусро ишғол намояд.

Тавре аз таърихи бунёди ин иншооти азим огаҳӣ дорем, оғози он ба солҳои 80-уми қарни гузашта рост меояд, вале бо сабаби бад гардидани авзои сиёсӣ роҳи бунёди он пурра қатъ гашта буд. Бо гузашти солҳо, ба бахти миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сохтмони дубораи он ба нақша гирифта шуд. Ин иқдоми пешгирифтаро мардум бо фараҳбахшӣ қабул намуд ва он ба ҳаракати умумимиллӣ табдил ёфт.

Имрӯз бо шукргузорӣ метавон гуфт, ки риштаҳои ногусастании ин кохи нур боз бо ҳам пайваст гардида, бунёди комили он ояндаи наздик ба мо муяссар шуда, дар рушду инкишофи иқтисодиёти кишвари азизамон нақши мондагор хоҳад гузошт.

Бузургӣ ва шукӯҳу шаҳомати ин сохтмони бузурги замон ба дилу дидаи мардум ҷо гирифта, худшиносӣ ва худогоҳии ҳар фарди мамлакатро тақвият мебахшад.

Аз лаҳзаи оғози сохтмони ин иншооти аср Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулият чандин маротиба аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, бо сохтмончиён ва роҳбарону коршиносон вохӯриву суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

Пас аз тай намудани роҳи мураккабу пурпечутоби сохтмони неругоҳи мазкур 16 ноябри соли 2016 дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик рӯйдоди муҳимму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст, яъне агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд ва сипас, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми он бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Зимнан бояд зикр намуд, ки ин ҳодисаи таърихиро баъзе мутахассисон «инқилоб дар самти энергетика» номиданд.

Ба истифода дода шудани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик воқеаи беназир буда, дар саҳифаҳои таърихи давлатдории Тоҷикистони азиз бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, агрегатҳои дигари он ояндаи наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бояд иброз дошт, ки «Роғун» кохи рӯшноӣ ва ахтари тобони Тоҷикистон маҳсуб шуда, бунёди он аз азму иродаи қавӣ ва саҳми ватанпарваронаи халқи меҳнатдӯсти тоҷик шаҳодат медиҳад ва ба рушди саноати  кишварамон такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳамин тавр, ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ин иншооти стратегиро бунёд намоем. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ин кишвар мебошад.

Бунёди ин кохи нур амалишивии ормону омоли неки чандинсолаи миллати тоҷик буда, дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид мешавад ва аз ин тариқ истиқлолияти энергетикӣ ба даст оварда, ба ҳадафи чоруми миллии худ – саноатикунонии босуръати кишвар дастёб мегардад.

Нурулло ҚУРБОНАЛИЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баррасӣ шуд
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид