МОДАРОНИ ВАҲДАТОВАР ОМАДЕД, ХУШ ОМАДЕД! Корвони ваҳдатсароён ба шаҳри Хоруғ расид

Июль 19, 2022 13:59

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл корвони «Модарони ваҳдатсаро», иборат аз гурӯҳи занону духтарони фаъол ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.

Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳ роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳр истиқбол гирифта, роҳандозии корвони «Модарони ваҳдатсаро»-ро аз ҷумлаи иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот номиданд.

Зикр гардид, ки мебояд шукри сулҳу ваҳдати миллати соҳибтамаддуни тоҷик, шукронаи фазои сулҳпарвари кишвари маҳбубро кард, ки имрӯз модари тоҷик бо саодату сафои ифтихори миллӣ аз субҳи умеди ваҳдати миллӣ баҳра мебарад ва нафаси орому осуда мекашад.

Дар доираи баргузории корвони мазкур гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боздид аз мавзеъҳои таърихию –фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июль 19, 2022 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд