Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ боздид карда, бо ҷараёни ҷамъоварии зироати полезӣ, нашъунамои пахта, чормағзи заминӣ ва кишти такрорӣ аз наздик шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар»-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, «Резгиф»-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва хоҷагиҳои деҳқонии «Манучеҳр» ва «Ардашер»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак дидан намуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, тақвияти кишти такрорӣ ва пешгирии зироат аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли 2022 дар майдони 23121 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2733 гектарашро ғалладонагиҳо, 12582 гектарро пахта, 1773 гектарро зироати равғандор, 101 гектарро картошка, 172 гектарро сабзавот, 1695 гектарро полезӣ ва 4065 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.


Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ парвариш ва нигоҳубини зироати кишоварзиро дар асоси талаботи агротехникӣ ба роҳ монда, шашмоҳаи якуми соли равонро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 8966 тонна ғалладонагӣ, 3165,6 тонна картошка, 5054 тонна сабзавот, 10841 тонна полезӣ, 856,4 тонна мева истеҳсол карда шуд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 100 то 139 фоизро ташкил медиҳад. Дар умум, маҷмӯи маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 258 млн 245 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Дар ноҳия кори мураттаби 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ таъмин буда, 22 500 гектар заминҳои корами бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо оби полезӣ таъминанд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ









Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






