НБО-и «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, зиндагии осудаи мардум ва рушди Тоҷикистон мебошад

Июль 17, 2022 09:58

ДУШАНБЕ, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо вуҷуди мушкилоти молиявию иқтисодӣ сохтмони иншооти бузурги аср НБО-и «Роғун» оғоз гардид. Дарк карда мешавад, ки НБО-и «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, рушди Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.

Чунин иброз намуд ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Амид КОМИЛБЕК ба АМИТ «Ховар». Дар идома номбурда чунин ибрози андеша намуд:

— Дар шароити муосир захираҳои обӣ-энергетикӣ омили муҳими рушди давлат ба ҳисоб рафта, коршиносони сатҳи байналмилалӣ ояндаи давлатҳоеро хуш арзёбӣ мекунанд, ки захираи бузурги об доранд. Об асоси иқтисодиёти ҳар кишвар ба шумор рафта, шароити иқтисодию, иҷтимоии шаҳрвандонро муайян мекунанд.

Ҳукумати мамлакат, аз рӯзҳои аввал дар назди мардуми тоҷик ҳадафу ниятҳои некро равшану возеъ барои ояндаи давлат ва зиндагии шоистаи мардум баён дошта, тамоми захираву имконияти мавҷударо ба бунёди неругоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд.

Таҷдид ва эҳёи Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон иқдоми нек намудаанд.


Неругоҳи «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Роғун»-ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст». Ба фаъолият оғоз кардани НБО «Роғун» имкон медиҳад, ки боз садҳо гектар замин дар ин минтақа обёрӣ гардида, гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад.

Бунёди ин иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа зеро кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баъди ба кор оғоз кардани НБО «Роғун» аз истифодаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳравар гарданд.

Неруи барқ омили асосии рушду тарақиёти давлат ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираи гидроэнергетика дар дар ҷаҳон ҷои ҳаштум ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Тақрибан 52% захираҳои гидроэнергетики минтақаи Осиёи Марказӣ ба кишвари мо рост меояд. Калонтарин дарёҳо Тоҷикистон Панҷ, Вахш, Сирдарё, Зарафшон ва дигарон дорои имконияти бузурги тавлиди неруи барқ доранд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар сарнавишти миллати тоҷик ба мисоли як кохи бузургу муҳташам ва чун нишонаи ифтихору сарбаландии миллӣ муаррифӣ мешавад. Бидуни шакку тардид бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин иншооти бузурги аср мардуми мо ва кишвари азизи моро ба ҷодаи комёбиҳою музаффариятҳо ва дастовардҳои азим раҳнамун месозад.

Ба истифода додани ҳамаи агрегатҳои НБО «Роғун» нишонаи дар ояндаи наздик ба кишвари бузурги тавлидкунандаи неруи барқ табдил ёфтани Тоҷикистон дар минтақа Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин иншооти муҳими стратегии мамлакат бунёд мегардад. Бунёди Роғун дар таърихи давлатдории миллии муосири тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад. Истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инҷониб таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо бунёдгарони НБО «Роғун» рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда, зикр намуданд: «…Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашумин мамлакати пешсафи сайёра мебошад. Мо ният дорем, ки ин имкониятҳои азимро дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем. Ба ин хотир, ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баланд шиддат, 50 зеристгоҳи баланд шиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар аз навсозӣ карда шуд. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар солҳои истиқлолият барои рушди соҳаи энергетикаи мамлакат 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст. Дар ин давра имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, устувории фаъолияти маҷмааи энергетикӣ, талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз ҳисоби иқтидорҳои худӣ бо барқ таъмин карда шавад. Соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат истеҳсоли неруи барқ ба 20,6 миллиард киловатт–соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад. Имрӯз дар соҳаи энергетика амалисозии боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16,6 миллиард сомонӣ идома дорад».

Мавҷудияти захираҳои азими энергетикӣ ҳанӯз аз солҳои 20 – 30-юми асри гузашта мавриди омӯзишу тадқиқот қарор гирифта буд.

Иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат-ро дар як сол ташкил медиҳад, ки нисбат ба талаботи ҳозираи кишварҳои Осиёи Миёна 3 маротиба зиёд мебошад. Хусусияти муҳими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, худи онро ҳамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба ҳаҷм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Ҳамасола ҳудуди 30-35 км3 об тавассути неругоҳҳои барқи обии мамлакат гузашта, дар маҷмӯъ 19-20 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ба 3-4%-и иқтидори умумӣ баробар мебошад.

Дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои нави истеҳсолӣ сол то сол афзуда, ба истифода дода мешуданд, ки тавоноии онҳо ба 1300 МВт мерасид ва ин дар навбати худ дастоварди назарраси кишвар мебошад.

Муҳимтарини он мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 (400 МВт), «Помир-1» ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт ва 220 кВт НБО-и Норак», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт ва 220 кВт дар НБО-и Роғун», зеристгоҳҳои барқии 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», зеристгоҳибарқии «Хоруғ» ва «Помир-1» 110 кВ, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ-и «Ҷануб-Шимол», 500 кВ-и «Душанбе-Роғун» хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд–Айнӣ» ва «Қайроққум-Ашт» ба шумор мераванд.

Марҳалаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикӣ оғози фаъолияти агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун ва оғози бунёди хати баландшиддати CASA-100 мебошад.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетикаи мамлакат консепсияи нав таҳия шудааст, ки натиҷаи амалишавии он чунин нишон дода шудааст:

Рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

1) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт расонида мешавад;

2) содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд. кВт. соат расонида мешавад;

3) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад;

4) талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад.

Дар маҷмӯъ мо метавонем, хулоса намоем, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикии кишвар дар замони истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардида, дар ояндаи наздик бунёди силсила неругоҳои обии дар кишвар идома меёбад. Дастовардҳои бунёдии соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан иборат аст:

— Ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон. Яъне бунёди низоми ягонаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи мамлакат;

— Бунёди маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2»;

— Амалишавии иқтидори бузурги кишвар- НБО «Роғун»;

— Раванди бунёди хати баландшидати CASA-100.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки дар ояндаи наздик кишвари мо ба яке аз давлатҳои калонтарини содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад. Ва ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати IFC масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси 9-уми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ доир шуд
Дар Душанбе байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд?
Омилҳо ва тамоюлҳои рушди соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд
Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология ба Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ дастрас гардид
«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон
3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст