Нилуфар Азизова аз Тоҷикистон барандаи финали махсуси озмуни телевизиони «Central Asia’s Got Talent» гардид
ДУШАНБЕ 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нилуфар Азизоваи 15-сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи финали махсуси озмуни телевизиони «Central Asia’s Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдодҳоро меҷуяд») гардида, ҷоизаи пулии 1 миллион танга (ҳудуди 2100 доллар)-ро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Central Asia’s Got Talent» иттилоъ медиҳад.
Дар озмун намояндагони панҷ кишвар – Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Созмондиҳандагони лоиҳа тасмим гирифтанд, ки сюрпризи ғайричашмдошт кунанд ва финали махсус эълон намуданд, ки дар он бояд як ғолиби дигар муайян карда шавад. Барои бисёре аз ширкаткунандагон ин қарори ҳакамон шонси дуюми ғолибият дар озмун буд.
Аз миёни номзадҳо ҷолибтарин намоишномаҳо интихоб шуданд, ки дар миёни онҳо композитсияи «Ман худамро нағз ҳис мекунам»-и Ҷеймс Браун дар иҷрои Нилуфар Азизова буд, ки дар даври ниманиҳоӣ иҷро кардааст.
Гуфта шуд, ки овози зебо, гуногунҷанбаӣ дар иҷро, ошкорбаёнӣ ва самимияти овозхони ҷавони тоҷик дили миллионҳо тамошобинонро тасхир кард ва ӯ бо гирифтани аксари овозҳо барандаи финали вижа гардид.
Нилуфар аз синни 6-солагӣ таҳти роҳбарии Тахмина Рамазонова, сарояндаи гурӯҳи «Авесто», ки ӯро ба ин озмун омода кардааст, овозхонӣ менамояд. Ӯ инчунин мактаби мусиқии фортепиано ва скрипкаро хатм намуда, дар конкурсу консертхои гуногуни мусиқӣ фаъолона иштирок мекунад.
Ӯ барои ширкат дар озмуни «Ситораҳои Тошканд», ки моҳи октябри соли равон баргузор мешавад, дархост пешниҳод намудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 сарояндаи ҷавони Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов барандаи Гран-прии озмуни «Central Asia’s Got Talent» шуда буд. Нилуфар Азизова қаблан дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок карда, сазовори ҷои дуюм гардида буд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






