НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имсол таҷлили Рӯзи Дониш бо иштироки Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 19.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар назар дошта шудааст. Дар ин бора имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мавсуф дар идома иброз дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бинои нави таълимӣ ба истифода дода мешавад ва Дарси сулҳ низ дар ин даргоҳ таҷлил мегардад.
Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1 059 743 нафарашон духтарон мебошанд.


Ёдрас мешавем, ки соли сипаригардида Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки «мо — мардуми тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд».
Пешвои миллат зимни суханронӣ аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал оварданд, ки раванди таълиму тарбияи фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
«Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имконияти мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.
Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм ва дигар идораҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон, ташкили паркҳои технологӣ, ҷиҳати таҷдиду бознигарии ихтисосҳо, ҷорӣ кардани ихтисосҳои нав, омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ чораҷӯӣ намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»






