НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имсол таҷлили Рӯзи Дониш бо иштироки Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст

Июль 19, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Имсол таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар назар дошта шудааст. Дар ин бора имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мавсуф дар идома иброз дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бинои нави таълимӣ ба истифода дода мешавад ва Дарси сулҳ низ дар ин даргоҳ таҷлил мегардад.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1 059 743 нафарашон духтарон мебошанд.


Ёдрас мешавем, ки соли сипаригардида Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки «мо — мардуми тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд».

Пешвои миллат зимни суханронӣ аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал оварданд, ки раванди таълиму тарбияи фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

«Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имконияти мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.

Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм ва дигар идораҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон, ташкили паркҳои технологӣ, ҷиҳати таҷдиду бознигарии ихтисосҳо, ҷорӣ кардани ихтисосҳои нав, омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ чораҷӯӣ намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад