Номзадҳо ба мақоми президенти Шри-Ланка 19 июл муаррифӣ мешаванд

Июль 18, 2022 10:08

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли парлумони Шри-Ланка Дхаммика Дассанаяке рӯзи 16 июл ба таври расмӣ ба вакилон эълом кард, ки маснади президенти Шри-Ланка пас аз истеъфои Готабай Раҷапакса холӣ шуд ва иттилоъ дод, ки номзадҳо ба мақоми роҳбари давлат бояд рӯзи 19 июл пешниҳод карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС гузориш медиҳад, дар ин бора сомонаи иттилоотии Шри-Ланка Ada Derana хабар додааст.

Азбаски пешниҳоди беш аз як номзад дар назар аст, 20 июл дар парлумон миёни вакилон раъйдиҳӣ баргузор мешавад, то роҳбари нави давлати ҷазиравиро интихоб намоянд. Президенти бо ин роҳ интихобшуда то анҷоми муҳлати ваколати президенте, ки тарки мақом намудааст,- яъне то моҳи ноябри соли 2024 фаъолият хоҳад кард.

Дар оғози ҷаласа Котиби генералии парлумон эълон кард, ки президент Раҷапакса 14 июли соли 2022 тибқи моддаи 38 (1) конститутсияи кишвар истеъфо дод. Дар айни замон иҷрокунандаи вазифаи президент сарвазир Ранил Викрамасингхе мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз номзадҳои асосӣ ба мақоми президентист.

ДАР АКС: бинои парлумони Шри-Ланка. Акс: ©Коллаж /Shutterstock/F

Июль 18, 2022 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд