ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Дар Созмони Милали Муттаҳид бинобар буҳрони озуқаворӣ гуруснагии оммавӣ дар ҷаҳонро пешгӯӣ карданд

Июль 20, 2022 12:33

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Директори Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид Дэвид Бисли пешгӯӣ кардааст, ки инсоният ба гуруснагии оммавӣ, нооромии сиёсӣ, инчунин муҳоҷирати бенизом дар сурате дучор мешавад, ки агар барои рафъи буҳрони озуқаворие, ки ҳоло мавҷуд аст, тадбир  андешида нашавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА Новости.

«Мо ҳамин замон бо буҳрони бесобиқа рӯбарӯ ҳастем ва агар мо бо он ба таври стратегӣ ва самаранок мубориза набарем, моро гуруснагии саросарӣ, бесуботӣ дар даҳҳо кишвар ва муҳоҷирати оммавӣ интизоранд”,- гуфт Бисли зимни мубоҳисае, ки дар доираи Шӯро оид ба корҳои байналмилалӣ баргузор шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар шиддат гирифтани ин мушкилӣ соли оянда аз имсол хеле бадтар хоҳад шуд. Ӯ чунин меҳисобад, ки мардуми манотиқи мухталифи ҷаҳон дар 12 моҳи оянда бо мушкили афзоиши қимати маводи ғизоӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Илова бар ин, Бисли ҳушдор дод, ки соли 2023 метавонад аз соли 2022 дар робита ба камбуди маҳсулот дар бозор “хеле бадтар” бошад. Вай ҳамчунин эҳтимоли боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳонро дар 6-12 моҳи оянда рад накард. Агар ин мушкилӣ ҳал нашавад, пас ҷаҳонро норасоии маводи ғизоӣ интизор аст.

Раҳбари Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ Дэвид Бисли таъкид кард, ки нодида гирифтани ин мушкилот ҷаҳонро ба норасоии  озуқаворӣ дучор мекунад.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дода буданд, ки соли 2022 “барои башарият аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ соли душвортарин ва вазнинтарин” хоҳад буд. Сарвари Тоҷикистон дар ин бора 1 апрели соли равон зимни суханронии табрикии худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон изҳори назар намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои Тоҷикистон аз ҳамватанон даъват намуданд, ки бинобар таъсири ҷиддии авзои ҷаҳон ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои на кам аз ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд.

«Мо бояд ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳорро истифода барем, то маъракаи киштро сари вақт анҷом дода, ба ҳосили фаровон замина гузорем. Дар ёд дошта бошед, ки ҳар оила бояд барои ду сол маводи ғизоӣ захира намояд», — хулоса намуданд Президенти Тоҷикистон.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2022 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид