ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Дар Созмони Милали Муттаҳид бинобар буҳрони озуқаворӣ гуруснагии оммавӣ дар ҷаҳонро пешгӯӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Директори Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид Дэвид Бисли пешгӯӣ кардааст, ки инсоният ба гуруснагии оммавӣ, нооромии сиёсӣ, инчунин муҳоҷирати бенизом дар сурате дучор мешавад, ки агар барои рафъи буҳрони озуқаворие, ки ҳоло мавҷуд аст, тадбир андешида нашавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА Новости.
«Мо ҳамин замон бо буҳрони бесобиқа рӯбарӯ ҳастем ва агар мо бо он ба таври стратегӣ ва самаранок мубориза набарем, моро гуруснагии саросарӣ, бесуботӣ дар даҳҳо кишвар ва муҳоҷирати оммавӣ интизоранд”,- гуфт Бисли зимни мубоҳисае, ки дар доираи Шӯро оид ба корҳои байналмилалӣ баргузор шуд.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар шиддат гирифтани ин мушкилӣ соли оянда аз имсол хеле бадтар хоҳад шуд. Ӯ чунин меҳисобад, ки мардуми манотиқи мухталифи ҷаҳон дар 12 моҳи оянда бо мушкили афзоиши қимати маводи ғизоӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Илова бар ин, Бисли ҳушдор дод, ки соли 2023 метавонад аз соли 2022 дар робита ба камбуди маҳсулот дар бозор “хеле бадтар” бошад. Вай ҳамчунин эҳтимоли боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳонро дар 6-12 моҳи оянда рад накард. Агар ин мушкилӣ ҳал нашавад, пас ҷаҳонро норасоии маводи ғизоӣ интизор аст.
Раҳбари Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ Дэвид Бисли таъкид кард, ки нодида гирифтани ин мушкилот ҷаҳонро ба норасоии озуқаворӣ дучор мекунад.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дода буданд, ки соли 2022 “барои башарият аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ соли душвортарин ва вазнинтарин” хоҳад буд. Сарвари Тоҷикистон дар ин бора 1 апрели соли равон зимни суханронии табрикии худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон изҳори назар намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои Тоҷикистон аз ҳамватанон даъват намуданд, ки бинобар таъсири ҷиддии авзои ҷаҳон ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои на кам аз ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд.
«Мо бояд ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳорро истифода барем, то маъракаи киштро сари вақт анҷом дода, ба ҳосили фаровон замина гузорем. Дар ёд дошта бошед, ки ҳар оила бояд барои ду сол маводи ғизоӣ захира намояд», — хулоса намуданд Президенти Тоҷикистон.
АКС аз манбаъҳои боз








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






