Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Қонунҳо «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳифзи захираҳои он, рушди соҳибкории соҳа ва бунёди ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолиро бо дору ва дигар молҳои тиббӣ танзим менамояд.
Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






