Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 июл Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сафар намуда, бо аҳолии ноҳия оид ба истифодаи оқилонаи замин ва захираи дусолаи маводи хўрока суҳбату мулоқот доир кард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагон Зокирзода Маҳмадтоир, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №69 Меҳроҷ Абдуллоев ва муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода бо аҳли ҷамоатчигӣ ва мадании ноҳия баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода оғоз намуда, баъдан Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода хотироташро дар бораи вазъи солҳои навдуми асри бист дар кишвар баён дошта, гуфт ки «солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷумҳуриро бесару сомонӣ фаро гирифт. Ҳизбу ҳаракатҳое арзи ҳастӣ карданд, ки таҷрибаи корӣ надоштанд ва бо ғаразҳои сиёсӣ Тоҷикистонро ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ оварда расониданд».
Маҳмадтоир Зокирзода дар бораи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Кохи Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд ва ҷонфидоиҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо чи гуна мушкиливу ҷонбозиҳо ба имзо расидани Аҳдномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки мо бояд аз таърих сабақ бигирем ва барои пойдор мондани сулҳу субот дар мамлакат ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳимояи он талош намоем.
«Тавре ҳамагон огоҳӣ доред, тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 вазъи таъминоти аҳолии ҷаҳонро бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардонида истодааст. Ин ҳама болоравии нархҳо ва камчинии озуқавориро ба миён овардааст. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода барад. Захираи дусолаи маводи хӯрокаро барои эхтиёҷоти аҳли оила таъмин намуда, дар фаровонсозии бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошад. Аз ҳама муҳим, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Фирефтаи андешаю афкори ватангумкардагону нохалафон нагардем ва баҳри ободии кишвар заҳмати софдилона намоем», — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба хонадони Шараф Шарифов омада, бо тарзи истифодаи замини наздиҳавлигии ӯ ва даромадаш аз ин ҳисоб аз наздик шинос шуд.
Маҳмадтоир Зокирзода кору фаъолити ин хонаводаро дар истифодаи оқилонаи замин ва захира барои зимистон намунаи ибрат арзёбӣ кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд






