Сафири Тоҷикистон дар Сурия бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ ва Мудири Ҳилоли Аҳмар мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар фурудгоҳи Димишқ мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия бо Виктор Найланд ва Мудири Ҳилоли Аҳмари Сурия Халед Ҳабибтӣ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои мазкур баррасӣ гардиданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 21 июл дар Димишқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ вохӯриҳо анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният миёни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
15 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд.
Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ватан дипломатҳои тоҷик моҳи декабри соли 2020 ба Сурия, аз ҷумла ба урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд. Барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия корҳо идома доранд.
«Вазорат дар ин самт ба Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ӯ ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия мебошад, ваколат дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳукумати Сурия ҳамкории зич дорад», — гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.
Акс: ВКХ ҶТ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






