Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои НБО «Роғун» дар сатҳи 1300 метр шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.
Лоиҳаи иншооти обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1 — 6 аз ҷониби ширкати «ЭФРИ»-и Швейтсария омода гардида, корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоотро мутахассисони Филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тунел Садди Ориёно» дар асоси нақша пеш мебаранд.
Тибқи лоиҳа корҳои таркишӣ ва заминӣ дар ин иншоот 5 миллиарду 847 миллиону 955 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад ва то имрӯз дар ҳаҷми 4 миллиарду 696 миллиону 991 ҳазор метри мукааб ба иҷро расидааст, ки ин нишондод ба 80 фоизи нақша баробар мебошад.
Насби анкерҳои АЖГ аз рӯи лоиҳа 46 ҳазору 115 ва ПНА 1083 адад пешбинӣ шудааст ва то имрӯз мутаносибан 22 ҳазору 498 ва 126 адад иҷро гардидааст.
Аз ҳаҷми умумии корҳои пошидани маҳлулҳои бетонӣ 95 ҳазору 804 метри мураббаъ ба анҷом расонида шудааст, ки ин 28 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Иншооти обқабулкунаки доимӣ дар сатҳи 1300 метр иборат аз 6 шахта буда, корҳои сохтмону нақбканӣ дар ин иншоот бо ҷалби коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Заводи таъмирию механикӣ” -и шаҳри Норак дар асоси нақшаи тарҳрезигардида пеш мераванд.
Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1 552 метр идома дорад.
Тибқи маълумоти масъулон корҳои нақбканӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои 1-6-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳаҷми 19,3 ҳазор метри мукааб иҷро шудааст.
Айни замон корҳои нақбканӣ дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №1 дар ҳаҷми 1 ҳазору 858 метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №2 дар ҳаҷми 1 ҳазору 834 метри мукааб, дар агрегати №3 дар ҳаҷми 8 ҳазору 568 метри мукааб, дар агрегати №4 дар ҳаҷми 7 ҳазору 61 метри мукааб иҷро шудааст.
Дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №5 бошад, корҳои нақбкании фурнел оғоз гардида, дар агрегати № 6 коргарону мутахассисон барои нақбкании фурнел омодагӣ мебинанд.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1,2 ва 5,6 аз сатҳи 1300 метр то ба 1178 метр мерасад, ки баланди ҳар яки он 122 метрро ташкил хоҳад дод.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва 4 бошад, то ба сатҳи 1160 метр расонида мешавад.
Корҳои нақбканиро сохтмончиён дар шахтаҳои 3-юму 4-ум дар маҷмӯъ 15 ҳазору 629 метри мукааб анҷом додаанд. Тибқи лоиҳа баландии ин ду шахта 140 метр аст.
Нақбканӣ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанин, пармакунӣ, сементатсионӣ, озмоишӣ ва бетонхобонӣ дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳо ҷараён дорад.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №1-6 барои танзими дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр хизмат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар суҳбат бо онҳо дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Мутахассисону муҳандисони ботаҷрибаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таъмирию механикӣ”-и шаҳри Норак барои иҷрои босифати корҳо аз техникаву механизмҳои муосир истифода мебаранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр баҳои баланд доданд.
Коргарону мутахассисони ватанӣ бо азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин қитъаи сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд ва барои анҷоми муваффақонаю босифати корҳо саъю талоши худро равона менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд






