ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июл, якшанбе, 198-умин рӯзи соли 2022 аст
17 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани сафари расмӣ дар Миср барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба Федератсияи Русия сафар карданд.
***
10 сол пеш, 17 июли соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Директори генералии вақти Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Русия ва АвруОсиё Эллис Уэллс масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амнияту мудофиаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.
17 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии адолати судӣ — ҷиноятии байналмилалӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи таъсиси қувваҳои баҳрӣ, флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
***
Дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Лесото – Рӯзи шоҳ.
РӮЙДОДҲО:
17 июли соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи идораи татбиқи Барномаи «Рушди фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» баргузор гардид.
***
17 июли соли 1841 аввалин шумораи рӯзномаи ҳаҷвии англисии «Панҷ» ба нашр расидааст.
***
106 сол муқаддам, 17 июли соли 1976 дар Канада Бозиҳои XXI олимпии тобистона оғоз гардида, 1 август ба охир расиданд.
***
17 июли соли 1995 Иттиҳоди Аврупо бо Русия шартномаи тиҷоратӣ баст.
***
Дар ин рӯзи соли 1915 Олмон ва Австрия бо Булғористон оид ба ҳамкорӣ паймони пинҳонӣ бастанд.
***
17 июли соли 2013 дар Қазон маросими пӯшидашавии Мусобиқаи XXVII байналмилалии тобистона (Универсиада) доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1775 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон беморхонаи ҳарбӣ таъсис дода шуд.
***
Соли 1994 Бразилия маротибаи чорум чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.