ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, шанбе, 211-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 30, 2022 08:00

30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

***

9 сол пеш, 30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

30 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.

***

Дар Вануату – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

30 июли соли 2009 баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баёнияи муштарак оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расид.

***

 30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ карда шуд.

***

9 сол пеш, 30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

***

30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ ба истифода дода шуд.

 

***

30 июли соли 1921 Ҳизби коммунистии Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардиданд.

Июль 30, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, панҷшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, чоршанбе, 322-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, сешанбе, 321-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, душанбе, 320-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, якшанбе, 319-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, шанбе, 318-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, ҷумъа, 317-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, панҷшанбе, 316-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, чоршанбе, 315-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, сешанбе, 314-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, душанбе, 313-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст