Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар Покистон ба 312 нафар расид

Июль 27, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни боронҳои сели муссонӣ ва обхезиҳо шабонарӯзи гузашта дар Покистон қариб 18 нафар афзоиш ёфтааст. Аз миёнаҳои моҳи июн инҷониб теъдоди қурбониёни ин офатҳо дар кишвар ба 312 нафар расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбеи 26 июл рӯзномаи «Express Tribune» бо истинод ба Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиӣ хабар додааст.

Боронҳои беисти шадид зиндагиро дар вилояти Синд, ки рӯзи душанбе бар асари обхезӣ 11 сокини он ҷони худро аз даст доданд, фалаҷ кардаанд. Дар Карочӣ ва шаҳри Ҳайдаробод дар як шабонарӯз 204 миллиметр борон боридааст. Дар Карочӣ тазоҳуроти аҳолӣ бар зидди қатъи тӯлонии неруи барқ, норасоии оби нӯшиданӣ ва нарасидани кумаки мақомот ба сокинони аз ҳавои номусоид зарардида шурӯъ шудаанд.

Дар Исломобод ва шаҳри моҳвораии Равалпиндӣ бинобар туғёни баланди об чанд минтақа ва ҳамчунин бахше аз қаламрави фурудгоҳи байналмилалӣ зери об монда, боиси қатъи парвозҳо шудааст. Бар асари обхезӣ ҳаракат дар баъзе қитъаҳои шоҳроҳ, ки Исломободро бо қисматҳои боқимондаи кишвар мепайвандад, баста шудааст. Дар Балуҷистон сел пулҳоро дар шоҳроҳи Кветта-Карочӣ, ки ҳаракат дар он 10 соат қатъ шуда буд, шуста бурдааст. Мақомот мардуми даҳҳо деҳаҳои зери обхезии дарёи Хаб мондаро тахлия мекунанд.

Ҳукуматдорони Покистон қувваҳои мусаллаҳро барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолие, ки аз обхезӣ зарар дидаанд, дар ҳолати омодабош қарор додаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 27, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид