Ӯ 94 СОЛ ДОШТ. Собиқ президенти Филиппин Фидел Валдес Рамос аз олам даргузашт

Август 1, 2022 11:07

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ президенти Филиппин Фидел Валдес Рамос дар 94-солагӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзи якшанбе, 31 июл сардори раёсати робита бо ҷомеаи назди сарвари давлат Трикси Крус-Анхелес хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Мо бо андӯҳи амиқ аз марги собиқ президент Фидел В.Рамос хабардор мешавем, — навиштааст Крус-Анхелес дар саҳифаи фейсбукии худ. – Ӯ пас аз марги худ мероси рахшоне боқӣ монда, ба туфайли иштироки худ дар дигаргуниҳои бузурги кишварамон ҳам ба сифати низомӣ ва ҳам ба ҳайси роҳбари давлат мавқеи устуворро соҳиб гардид».

«Мо ҳамдардии амиқи хешро ба аҳли оила, пайвандон, ҳамсинфон ва ҳамфикронаш иброз медорем»,-илова намуд Крус-Анхелес.

Фидел В.Рамос аз соли 1992 то 1998 президенти 12-уми Филиппин буд. Маъмурияти ӯ тавассути барномаи «Филиппинҳо-2000», ки ҳадафаш то соли 2000 саноатикунонии кишвар буд, шуҳрат пайдо карда буд. Ин ташаббусро аксар вақт ҳамчун воситаи аз нав рушддиҳандаи иқтисодиёти кишвар унвон мекунанд.

Аз соли 1972 то 1986 ӯ сардори полиси Филиппин дар назди собиқ президент Фердинанде Маркоси калонӣ буд. Баъдан ӯ дар вазифаи муовини сардори ситоди қувваҳои мусаллаҳи кишвар кор кардааст.

Дар давраи президентии Акино Рамос чанд кӯшиши табаддулотро ҳамчун сардори ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Филиппин (1986-1988) ва вазири мудофиаи миллӣ (1988-1991) пешгирӣ намуд. Вай ҳамчунин дар ташвиқи президент Родриго Дутерте барои бори дуюм ширкат намудан дар интихоботи соли 2016 нақши муҳим дошт. Дар ҳамон сол ӯ фиристодаи махсуси Филиппин дар Чин таъйин шуд, аммо пас аз чанд моҳ аз мақомаш истеъфо дод.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки президенти собиқи Мексика Луис Эчеверриа Алварес дар синни 100 даргузашт.

АКС: Gettyimages.ru

Август 1, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид