АҲСАН! Сомон, Шодмон ва Темур аз Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо бо медал бармегарданд

Август 8, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори се медал шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар чемпионат 168 варзишгар (97 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар — Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳруз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ карда, ба гирифтани се медал – ду нуқра ва як биринҷӣ шарафёб шуданд.

Медалҳои нуқраро паҳлавонони шинохта Шодмон Ризоев ва Темур Раҳимов ба даст оварданд. Шодмон дар вазни то 81кг дар ҳаштякфинал Чуанг Шанг Чинро аз Тайпеи Чин, дар чорякфинал Владамир Золоев ва дар нимфинал Асад Масабировро аз Қирғизистон мағлуб кард, вале дар финал аз намояндаи Ҷопон Такеши Сасаки шикаст хӯрд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври 1/8-ниҳоӣ озод буд ва дар даври чорякфинал бар намояндаи Узбекистон Бекмурод Олтибоев ва дар даври нимфинал бар варзишгари дигари Узбекистон Шоҳрух Бахтиёров ғолиб шуд. Дар финал Темур низ бо варзишгари ҷопонӣ Кокоро Кагуера сабқат кард. Дар вақти асосии ин рақобат Темур нисбат ба рақиб бартарият дошт, лек дар вақти иловагӣ Кокоро як вазари кор карда, ғолиб омад.

Медали биринҷиро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба даст овард. Барои Сомон ин аввалин дастовард дар вазни то 81кг мебошад. Аз ин пеш ӯ дар вазни то 73кг гӯштин мегирифт.

Сомон Маҳмадбеков дар даври 1/8-ниҳоӣ бар Рамазон Аллабердиеви узбекистонӣ дастболо шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз Такеши Сасакии ҷопонӣ ноком гардид. Ӯ сипас дар даври тасаллобахш варзишгари муғул Эрденбайар Батзайарро мағлуб намуда, дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар намояндаи Қирғизистон Асад Масабиров пирӯз шуд.

Паҳлавонони дигарамон Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) мавқеи 5-ум ва Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) мавқеи 7-умро ишғол намуданд.

Дар ҳисоби даставӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ, 3 ҷои панҷум ва як ҷои ҳафтум дар ҷои 8-ум мавқеъ гирифт. Се ҷои аввалро дастаҳои мунтахаби Ҷопон (9-3-0), Муғулистон (2-0-5) ва Узбекистон (1-2-6) сазовор гардиданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 8, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд