ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар доираи намоишгоҳи «TAJ BUILD» ширкатҳои сохтмонии бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ зарфияти худро ба маърази тамошо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 70 ширкати бонуфузи сохтмонии ватанию хориҷӣ дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт, имконият ва иқтидору зарфияти худро ба намоиш гузоштанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» бо мақсади рушди соҳаи сохтмону меъморӣ ва саноат дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ассотсиатсияи ширкати «TajBuild» дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар он бонуфузтарин ширкатҳои сохтмониву меъморӣ, саноат ва савдо, технология ва дигар коммуникатсияҳои муҳандисӣ аз Тоҷикистон, Русия, Туркия, Эрон, Узбекистон зарфияти худро дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ ба маърази тамошо гузоштанд. Муаррифии иқтидори ширкатҳои сохтмонӣ, таҳкими ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ мебошанд.
Намоишгоҳи байналмилалӣ аз шаш бахш – маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбоб, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат буда, то 6 август идома меёбад.
Суратгузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории нахустин намоишгоҳи «TajBuild» пешкаш мегардад:
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




































Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид






