Ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон омад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Мақсади ташрифи ҳайати мазкур таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё ба шумор меравад.
Ҳайат давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамояд.
Ҳамчунин 13 август дар ноҳияи Данғара Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё баргузор мегардад, ки дар он имконоти сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Тоҷикистон ва Узбекистон муаррифӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 23-24 июли соли 2021 ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарё сафар карда, бо натиҷаҳои рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар Сурхондарё шинос шуд.
Дар вилояти Сурхондарё форуми соҳибкорон баргузор гардид. Дар форуми соҳибкорон ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои ду вилоят, роҳбарони корхонаҳо ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуда буданд.
АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






