БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар 45 мавзеи шаҳри Турсунзода ба масофаи 130 километр роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ таъмир мешаванд

Август 16, 2022 09:52

ТУРСУНЗОДА, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаи Садриддин Айнии  маркази шаҳр аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Дар ин бора сардори муассисаи мазкур Ҳокимҷон Гадоев ба  мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.  

Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ дар 45 мавзеъ бо масофаи 130 километр ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли равон дар масофаи 2,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва дар 21 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон  33 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, зиёда аз 21 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

То охири соли равон боз 40 км роҳҳои шаҳр таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км дигар таъмири ҷорӣ карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 16, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»