БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар 45 мавзеи шаҳри Турсунзода ба масофаи 130 километр роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ таъмир мешаванд
ТУРСУНЗОДА, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаи Садриддин Айнии маркази шаҳр аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Дар ин бора сардори муассисаи мазкур Ҳокимҷон Гадоев ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ дар 45 мавзеъ бо масофаи 130 километр ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли равон дар масофаи 2,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва дар 21 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, зиёда аз 21 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
То охири соли равон боз 40 км роҳҳои шаҳр таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км дигар таъмири ҷорӣ карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






