Ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 3 ҳазор адад китобҳои тозанашр тақдим мегарданд

Август 21, 2022 10:37

ДУШАНБЕ, 21.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корвони фарҳангии китоб тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашрро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба китобхонаҳои ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ройгон тақдим менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 19 август Корвони фарҳангии китоб ба ВМКБ ворид гардида, дар назди Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор намуд. Дар ин намоиш намояндагони аҳли фарҳангу маориф, тандурустӣ, мақомоти қудратӣ ва хонандагону донишҷӯён китобҳои мавриди таваҷҷуҳи хешро хариданд.

Дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиёти илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Корвони фарҳангии китоб тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъмину мукаммалгардонии китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои тознашр роҳандозӣ мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Август 21, 2022 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст