Блогнависи 19-солаи тоҷик ҳамроҳи Салмон Хон дар филми Болливуд нақш меофарад

Август 5, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Овозхон ва блогнависи тоҷик Абдурозиқ барои нақшофарӣ дар филми Болливуд даъват шудааст. Абдурозиқ бо Салмон Хон дар филми Фарҳоди Самҷӣ «Кабҳи Иди Кабҳи Дивали» нақш мебозад, ки эҳтимол «Бҳайҷаан» (Бародар) номида шавад, хабар медиҳад «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи Daily Pakistan.

«Кабҳи Ид Кабҳи Дивали» ҳамчун «Баъзан ид, гоҳе Дивалӣ» тарҷума шудааст. «Ҷашни чароғҳо» як филми дарпешистодаи мазҳакавии ҳиндист, ки коргардони он Фарҳод Самҷӣ мебошад. Филмро Salman Khan Films ва Nadiadwala Grandvert Entertainment истеҳсол мекунанд. Дар он худи Салмон Хон, инчунин Пужа Ҳегде, Венкатеш, Ҷагапати Бабу нақш мебозанд.

Банаворгирии асосӣ моҳи майи соли 2022 дар Мумбай оғоз шуда, дар Ҳайдаробод низ ба навор гирифта мешавад. Намоиши филм 30 декабри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Ба навиштаи як рӯзномаи покистонӣ, Абдурозиқ дар бораи эҳсосоти худ нақл карда, гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ҳамроҳи Салмон Хон дар як филм нақш меофарад.

«Ман хеле хушбахт ва дар ҳаяҷонам ва ҳеҷ гоҳ дар орзуҳои ҷасуронаам ҳам тасаввур намекардам, ки рӯзе бо як ситораи бузурге, ба мисли Салмон Хон дар филм нақш меофарам. Саъю кӯшиш хоҳам кард, то исбот кунам, ки онҳо маро беҳуда интихоб накардаанд», — гуфт ӯ.

Ба навиштаи як нашрияи покистонӣ, наворбардории филм дар хоҷагии Салмон дар ҳошияи Мумбай моҳи июн оғоз шудааст.

Абдурозиқ қаблан дар паҳлӯи Салмон Хон аксбардорӣ карда, инчунин суруди машҳури ҳиндиро аз филми блокбастери соли 1989 месароид, нақше, ки Салмон Хонро якбора ситора намуд.

Ёдовар мешавем, ки блогер ва навозандаи тоҷик Абдурозиқ моҳи августи соли гузашта ба Имороти Муттаҳидаи Араб барои 10 сол раводиди тиллоӣ гирифта буд.

Тамоми ҷомеаи интернетии Русия тӯли як моҳи охир дар бораи блогер-сарояндаи тоҷик Абдурозиқ ҳарф мезананд, вале аз ҷузъиёти зиндагиномаи ӯ кам касе огоҳ аст.

Ӯ дар Instagram саҳифа дорад. Суруди Абдурозиқ «Оҳи дили зор» (2019) дар YouTube беш аз 4,5 миллион тамошобин пайдо кардааст. Абдурозиқ соли 2003 таваллуд шуда, ҳоло 19-сола аст. Зодаи Ғишдарваи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд аст.

Вай аллакай интернетро забт карда, бо блогерҳо ва варзишгарони машҳури ҷаҳон шинос гардидааст.

Абдурозиқ на танҳо бо намуди зоҳирии ғайриодӣ ва ҷаззобияти кӯдакона, балки, пеш аз ҳама, бо истеъдоди фитрии мусиқӣ ва нашри як навор бо ӯ дар ватанаш маъруф шуд.

Бо зиёда аз 3,5 миллион пайрав дар Instagram-аш ва миллионҳо тамошобин дар видеоҳои YouTube ӯ ҳоло узви комилҳуқуқи ҷаҳони шоу-бизнес мебошад.

Абдурозиқ дорои шунавоӣ ва овози аъло буда, аз соли 2019 ба сабти таронаҳо машғул аст ва дар чорабиниҳо баромад мекунад. Вай ба блогнависӣ таваҷҷуҳ пайдо кард ва ҳоло дар ин соҳа пешравиҳои бештар дорад ва бидуни муболиға, метавон гуфт, ки ӯ ба мартабаи баланд мерасад.

Абдурозиқ орзуҳои зиёд дорад. Яке аз онҳо дар зодгоҳаш Панҷакент барои сайёҳон кушодани меҳмонхона аст, аммо ҳоло ба бунёди манзили шахсии худ ва тарабхонаи хурде шурӯъ кардааст. Абдурозиқ ҳоло саробони ҳақиқии хешу табораш буда, онҳоро пурра таъмин мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба суръате, ки Абдурозиқ маҳбубият пайдо мекунад, орзуи ӯ имконияти амалӣ шудан дорад ва худи ӯ бо назардошти пешрафтҳояш як тоҷики маъруфе хоҳад шуд, ки мамлакаташро дар хориҷа шуҳратманд менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд