Бо ташаббуси соҳибкор роҳҳои маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар мумфарш мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар бо ибтикори хонадони соҳибкори ватанӣ- оилаи Соҳибовҳо кӯчаҳои ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, И. Куганов ва Исмоили Сомонӣ мумфарш мегарданд.
Тавре дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Барои навсозии роҳҳои маҳаллаи Хатлон қариб 50 адад техника ва беш аз 80 нафар мутахассисону кормандон ҷалб гардидаанд. Инчунин дар ин маҳалла ба дарозии қариб ду километр қубурҳои обгузар бозсозӣ ва қубурҳои пасоб насб карда мешаванд.
Соҳибкори ташаббускор инчунин чароғонкунии кӯчаҳои маҳалларо низ ба масофаи ду километр ба нақша гирифтааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо сокинони маҳалла аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи оилаи Соҳибовҳо дар солҳои охир ёдовар гардида, роҳсозиву ободониро кори савоб ва бар нафъи мардум арзёбӣ намуд.
Дар доираи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 8200 иншооти таъйиноти гуногун сохта шуданд, ки беш аз 70 фоизи ин корҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ анҷом ёфтаанд.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






