Борони кӯтоҳмуддат ба чор қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Лахш зарар расонид

Август 3, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 август, соати 19:45, дар натиҷаи борони кӯтоҳмуддат дар деҳаи Пилдони ноҳияи Лахш сел омад, ки дар натиҷа ба чор қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонда, 300 метр роҳро корношоям намуд. Талафоти ҷониву харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки барои роҳандозии корҳои рафъи пайомадҳои офат ва муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Лахш фаъолият дорад.

1 август низ бинобар сабаби баланд гардидани гармии ҳаво ва аз меъёр баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб дар мавзеи «Бурҷон»-и Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт дарё маҷрояшро дигар намуда, қисмати поёнии роҳи мошингарди маҳаллии Сарипул-Аскалонро дар километри 3-юм қисман шуста, хароб кардааст. Дар натиҷа 70 метри роҳи зикршуда 10-15 см фурӯ рафта, дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.

Тарқишҳои дар паҳнои роҳ аз ду тараф пайдошуда 4-10 см-ро ташкил додаанд. Инчунин аз қисмати болои роҳ дар ин мавзеъ ба дарозии зиёда аз 150 метр низ тарқиш пайдо шудааст, ки зимни бориши оянда ба ин мавзеъ хатари фаромадани ярч таҳдид мекунад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Август 3, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд