«БОЗ ОМАДААСТ ФАСЛИ ХОНИШ…». Имсол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар ба синфи якум мераванд
ДУШАНБЕ, 30.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар Тоҷикистон имсол беш аз 200 ҳазор нафар ба синни 7 расиданд.
Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ки қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба роҳ монда мешавад.
«Тибқи банди 4 моддаи 16-и қонуни болозикр ва банди 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул карда мешаванд. Яъне имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад»,-гуфт ӯ.
Асомиддин Бобозода зикр намуд, ки дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки ба онҳо 128 827 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар мамлакат тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо қабул карда мешаванд. Инчунин баъд аз давраи қабул тариқи Марказ муассисаҳои таълимии мамлакат барои пурра гардонидани нақшаи дохилӣ аз довталабон ҳуҷҷат қабул менамоянд.
Муовини якуми Директори Маркази миллии тестӣ Абдувосид Шодиён гуфт, ки «имсол дар маҷмӯъ ба донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат мувофиқи натиҷаи ду озмуни тақсимот (озмуни тақсимоти асосӣ ва такрорӣ) ҳамагӣ 36 ҳазору 149 нафар, дар коллеҷҳои ҷумҳурӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ — синфи 11 12 ҳазору 762 нафар ва ҳамчунин дар заминаи таҳсилоти умумии ассосӣ- синфи 9 6 ҳазору 188 нафар дохил шуданд. Инчунин барои пурра намудани ҷойҳои холимонда озмуни тақсимоти такрории иловагӣ низ ба роҳ монда шуд».
Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини рушди соҳаи маориф ва ба талаботи замон мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ мактабҳои шакли нав сохта, ба истифода медиҳад.
Ба зикри сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, соли нави хониши 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ бо беш аз 9 ҳазор ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода мешаванд, ки муассисаҳои мазкур дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Тавре қаблан муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, Сарраёсат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои ба истифода супоридани муассисаҳои таълимии нав дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Яке аз муассисаҳое, ки соли равон ба истифода дода мешавад, мактаби хусусии замонавию муосир дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт мебошад.
Муассисаҳои нав тибқи шароити замонавӣ ва мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд. Пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул- тарбияи ҷавонони болаёқат, омӯзонидани донишҳои замонавӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо меистад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 1 сентябри соли равон, дар Рӯзи дониш дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудаанд, ба истифода дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки мактаб манбаи илму ҳунар, донишу маърифат, вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру ҳастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати инсонҳост.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил мегардад. Таърихи пайдоиши ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






