ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) мусобиқаро бо пирӯзии калон бар дастаи Афғонистон оғоз кард
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии якуми худ дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-19) бо роҳбарии Аҳлиддин Турдиев бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 4:1 пирӯзии калон ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Нимаи аввали бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 14-ум нимҳимоятгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Ҳаитов ҳисобро кушод. Баъди ҳафт дақиқа Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюми бозӣ ситоди мураббиёни дастаи миллии ҷавонони Тоҷикистон якчанд тағйирот ворид ва услуби бозиро ба куллӣ дигар кард. Дар вақти боқимонда ба футболбозони мо муяссар шуд, ки ба дарвозаи дастаи Афғонистон боз се голи дигар зананд. Голҳоро Содиқҷон Қурбонов, Фатҳулло Олимзода ва Салам Ашӯрмамадов заданд. Дар натиҷа ҳисоб 4:1 ба фоидаи дастаи мо шуд.
Дар вохӯрии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои ҷавонони Қирғизистон ва Узбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд – 0:0.
Бозиҳои даври сеюм 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд.
Даромад ба Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳаводорони футболро ба тамошо даъват мекунад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола
Даври 2
АФҒОНИСТОН – ТОҶИКИСТОН – 1:4
Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 14 (0:1). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 21 (1:1). Содиқҷон Қурбонов, 71 (1:2). Фатҳулло Олимзода, 75 (1:3). Салам Ашӯрмамадов, 90 – аз пеналти (1:4)/
Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Салоҳиддин Иргашев, 86), Кабир Салимшоев (Иброҳим Зокиров, 61), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 61), Салам Ашурмамадов, Бежан Нишонбойзода (Фатҳулло Олимзода, 61), Сунатулло Азизов (Далер Шарипов, 61).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Содиқҷон Қурбонов (Тоҷикистон).
6 август Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2700 тамошобин.
Қирғизистон – Узбекистон – 0:0
Беҳтарин бозигари бозӣ: Султон Чомоев (Қирғизистон).
6 август Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»






