Дар барномаи таҳлилии «Сарват» — и Радиои «Ховар» аҳамияти сохтмони НБО-и «Роғун» баррасӣ мешавад

Август 8, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони соҳа  муайян намудаанд, ки афзоиши босуръати талабот ба неруи барқ сабаби он мегардад, ки дар миёнаи асри ХХI тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ 2,5 баробар афзоиш ёфта, дар охири аср 4 маротиба зиёд шавад. Афзалияти гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки он мушкилоти аксари кишварҳои минтақаро дар истифодаи неруи барқ аз байн барад. Бояд гуфт, ки НБО «Роғун»  ба силсилаи иншооти энергетикии Вахш дохил буда, яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, аз шаш агрегати 600 МВт иборат аст ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Истифодаи обанбори НБО-и «Роғун» барои эҳтиёҷи энергетикӣ ва обёрии заминҳои лалмӣ пешбинӣ мегардад.

Сохтмони НБО ба марҳилаҳо тақсим мешавад. Иқтидори  агрегати якум дар марҳилаи аввал бо истеҳсоли 100 МВт барқ дар фасли зимистон ва 200 МВт барқ дар фасли тобистон пайваст мебошад.

Сиёсатмадори маъруфи рус, нависанда, публисист ва журналист Александр  Проханов аз майдони сохтмони НБО «Роғун» дидан карда, пас аз бозгашт ба Москва дар рӯзномаи «Завтра»   таҳти унвони  «Парвози Роғун» («Рогунский взлет») мақола нашр намудааст. Публитсисти машҳур Александр  Проханов дар мақолаи худ НБО-и “Роғун”-ро самари ниятҳои бузург ва қувваи бузурги ҳаётбахш номида, аҳамияти онро махсусан таъкид намудааст. Аз ҷумла, ӯ навиштааст, ки НБО «Роғун» касро бо зебоӣ ва мураккабиаш тасхир мекунад. Ҳазорҳо коргарон бо меҳнати шабонарӯзӣ ин зебоӣ ва тавоноиро бунёд мекунанд. Ин неругоҳ на танҳо зебоии табиати дигаргуншуда ва рамзи техносфераи офарандашаванда аст, балки рамзи ғалаба бар қувваи харобиовари ҷанг, хусумат, шуури бехирадонаи кӯршуда мебошад».

Тафсилоти бештар вобаста ба аҳамияти НБО-и «Роғун» дар таъмини барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» бо иштироки коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода ва коргардон Наврӯзи Раҳматулло пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Август 8, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд