Дар Мастчоҳ бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд

Август 16, 2022 10:23

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд Рустам Мирзозода ва дигар ҳайати шахсӣ иштирок доштанд.

Аъзам Ализода ба муносибати ифтитоҳи бинои нав кормандони хадамотро табрик намуда, иброз дошт, ки «касби оташнишонӣ пурмашаққат буда, кормандони ин соҳа ҳамарӯза баҳри аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани молу амвол ва ҳаёти инсон мубориза мебаранд, баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва молу мулки онҳо ҳаёти хешро дареғ намедоранд. Дар ин маврид фаъолияти кормандони қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия назаррас мебошад».

Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд Рустам Мирзозода аз хидматҳои арзандаи кормандони соҳа ёдовар шуда, гуфт, ки «ба истифода додани бинои нав ва беҳтар гардидани шароити кории ҳайати шахсӣ ҳар корманди соҳаро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаи хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бо масъулият рафтору муносибат намояд».

Бинои маъмурии қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ бо фармоиши Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Бинои мазкур аз 2 ошёна, 9 ҳуҷраи корӣ ва як хобгоҳ барои кормандон иборат мебошад. Барои таҷҳизонидани ҳуҷраҳои бино зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Корҳои сохтмони бино ҳанӯз соли 2020 оғоз гардида буданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 16, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид