ДАРОЗУМРӢ ЗИЁД МЕШАВАД. Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасттарини фавт дар ИДМ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намуд

Август 18, 2022 12:09

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи сатҳи фавт барои соли 2022 нашр гардид. Бо баландтарин шумораи сатҳи фавт Сербия, Руминия ва Литва феҳристро боз намуда, Қатар онро бастааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи маълумотдиҳандаи Хадамоти кашшофии ИМА (руси: ЦРУ; англ.:CIA) The World Factbook.

Миёни кишварҳои ИДМ ба даҳгонаи аввали ғамгинкунанда Украина*, Русия ва Беларус шомил шудаанд. Молдова дар қатори на он қадар дур- 12 қарор дорад.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ миёни 229 кишвари ҷаҳон ҷои 172 ва дар ИДМ мақоми дуюмро касб кардааст. Раддабандӣ ба заминаи  ҳисобкунии сатҳи фавт — шумораи фавтидагон ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ асос ёфтааст. Коэффитсиенти ҶТ 5,72-ро ташкил додааст.

«Дар раддабандӣ дар бораи шумораи миёнасолонаи фавтҳо давоми сол ба ҳар 1000 нафар дар нимаи сол, ки бо номи сатҳи умумии фавтнокӣ низ маълум аст, иттилоъ дода шудааст. Сатҳи фавт, гарчанде ки танҳо як нишондиҳандаи тахминии вазъи фавт дар кишвар аст, таъсири сатҳи фавтро ба афзоиши аҳолӣ дақиқ нишон медиҳад»,-гуфта мешавад дар сарсухани раддабандӣ.

The World Factbook – китобест, ки ҳар сол аз ҷониби Хадамоти кашшофии ИМА дар шакли маҷмӯаи асарҳои нависандагони гуногун дар бораи кишварҳои ҷаҳон нашр мешавад. Нахустин нашри махфии он моҳи августи соли 1962 ва нашри ғайримахфияш — моҳи июни соли 1971 пайдо шудааст. Тибқи эълоне, ки дар сомонаи маълумотдиҳӣ нашр шудааст, РМИ дигар нияти нашри ин китобро надошта, ба пур кардани шакли онлайнии маълумотнома таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.


Бояд ёдовар шуд, ки яке аз омилҳои коҳиши мизони марг, тибқи гузоришҳои СММ, афзоиши умри мардум аст.

Тайи 30 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион ба 10 миллион нафар расид, яъне қариб 2 баробар афзудааст. Тавре қаблан зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ходими калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова (ДАР АКС) зикр намуда буд, аҳолии аз 60-сола болои Тоҷикистон ҳудуди 7 дарсадро ташкил дод, ки ин аз рӯи ҷадвали СММ гувоҳи   аз остонаи пиршавӣ гузаштани Тоҷикистон аст.

Дар мавриди дарозумрӣ ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки дарозумрӣ сир надорад, балки омилест, ки ба ин раванд таъсир мерасонад.

«Аввалан — омили генетикӣ ё ирсӣ. Агар дар оила дарозумрон бошанд, пас имкони дидани умри дароз вуҷуд дорад. Дуюм- ин пиршавии солим аст, ки ТУТ барои он барномаи махсус таҳия намудааст. Барои он ки умри дароз бинед, шумо бояд тарзи ҳаёти солимро пеш баред. Некӯаҳволии ҳамаҷониба, муносибатҳои хуби оилавӣ, некӯаҳволии иқтисодӣ, дастрасӣ ба кор, оромии равонӣ- муваффақияти умри дарози ҳар инсонанд. «Муҳим он аст, ки ба шахсе, ки дар синни нафақа қарор дорад, имкон диҳанд минбаъд низ худтатбиқкуниро идома диҳад, дар ҳаёти ҷомеа иштирок кунад ва ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳад», — шарҳ дод саргеронтолог.

«Дар Тоҷикистон давомнокии умр меафзояд ва ин хуб аст, — мегӯяд С Камолова. — Ин ҳамчунин нишондиҳандаи болоравии сатҳи зиндагии мардум аст». Саргеронтологи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид сабабҳои дигари эҳтимолии зиёд шудани умри инсонро номбар кард: рушди иқтисодӣ; кам шудани фавти кӯдакон; кам шудани фавт миёни аҳолии қобили меҳнат; коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку; «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ».

_________________

* Украина дар ИДМ бо якчанд сабабҳо мақоми баҳснок дорад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 18, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода