ЭҲТИЁТ БОШЕД! ТУТ хуруҷи нави COVID-19-ро дар тирамоҳ пешгӯӣ мекунад

Август 31, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хуруҷи навбатии гирифторӣ ба коронавирус дар тирамоҳ дар назар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора роҳбари дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клуге дирӯз, 30 август дар нишасти хабарӣ хабар дод.

«Бино ба пешгӯиҳо, чанд ҳафта пас дар минтақаи Аврупо 250 миллион ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ аз замони оғози пандемияи COVID-19 — дуюним сол пеш ба қайд гирифта мешавад»,-гуфт ӯ.

-Мо дар мубориза бар зидди пандемия ба муваффақияти калон ноил гардидем. Аммо вирус то ҳол ба таври васеъ паҳн мешавад, чун пештара аз таъсири он то ҳол одамон бистарии беморхонаҳо мешаванд, он то ҳол боиси марги аз ҳад зиёди пешгиришаванда мегардад — танҳо дар як ҳафтаи охир тақрибан 3 000 ҳолатро ташкил медиҳад, ки ин шумора тақрибан ба сеяки шумораи умумии қайдшудагон дар ҷаҳон баробар аст. Бо наздик шудани фасли тирамоҳу зимистон мо афзоиши сироятёбиро бо хуруҷи зукоми мавсимӣ дар Аврупо ва ё бидуни он интизор мешавем”.

Коршиносон даъват менамоянд, ки таваҷҷуҳи бештар ба назорати эпидемиявӣ, зарурати ошкорсозии барвақтӣ ва таъмини дастрасии кумаки аввалини тиббию санитарӣ ба доруҳои зиддивирусӣ барои беморони осебпазир равона гардад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дар Тоҷикистон, ки ба минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ низ шомил аст, аз оғози маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 ба ҳолати 19 августи соли равон 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм, 4 миллиону 927 ҳазору 758 (88 фоиз) нафар бо вояи сеюм эм карда шудаанд.

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фарогирии шаҳрвандони кишвар бо воя ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор вояи зидди COVID-19 ворид карда шудааст.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», бо дарназардошти вазъи душвори бемории COVID-19 дар якчанд кишварҳои минтақа 16 август чорумин маъракаи эмгузаронии кормандони тибби кишвар алайҳи сироятёбӣ аз коронавирус оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи феврали соли 2022 дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

АКС: grodnonews.by

Август 31, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо