Хайриддин Усмонзода, Директори МТС: «Саҳми Сарони Тоҷикистон ва Узбекистон дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ арзишманд ва муҳим аст»

Август 8, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақши Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ муҳим ва арзишманд мебошад. Ин нуктаро Директори Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъмини ризояти байни миллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, зикр намуд.

Тавре аз МТС ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иброз  намуд, ки «дар тӯли ҳазорсолаҳо мардуми минтақаҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд ҳавзаи муштараки фарҳангию тамаддунӣ ба вуҷуд оранд. Бо такя ба чунин муштаракоти тамаддунӣ сокинони минтақаҳои Осиёи Марказӣ метавонанд имконияти васеи рушди ҳамкории иқтисодиро амалӣ намоянд».

Ҳамчунин Х.Усмонзода бо мисолҳои мушаххас нақши Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ муҳим ва арзишманд арзёбӣ намуд.

Академик Кароматулло Олимов иброз дошт, ки «таърихи халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шебу фароз ва ҳамкории самарабахшро дар ёд дорад. Замони муосир мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд овардааст, ки  танҳо ба воситаи ҳамкорӣ ва дӯстии кишварҳо метавонанд ҳал шаванд».

Дар идомаи конфронс иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон В.Норов таҷрибаи ҳамкории Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, лоиҳа ва барномаҳои амалишаванда, хусусан дар соҳаи гидроэнергетика ва бозорҳои наздисарҳадиро мисол овард, ки аз тақвияти дӯстии ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳанд. Мавсуф ин таҷрибаро барои кишварҳои дигари минтақа сазовори пайравӣ донист.

Ҳамчунин ӯ аз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҳамкории судманди минтақавӣ ёдовар шуд.

Дар маҷмӯъ, конфронс дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, дар охир бо барномаҳои фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.

Акс: МТС ҶТ

Август 8, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд