КМИР: Алишер Мирзонабот ва Азизулло Исматзода аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд

Август 26, 2022 16:19

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда ва Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои Комиссияи марказӣ, дар асоси моддаҳои 51 ва 52 Қонуни конститутсионии мамлакат «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар интихоботи имрӯза (26 август) номзадҳо Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта ва ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.

Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки бо риояи талаботи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси пешниҳодҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр ду номзад ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии бисёрмандатӣ дар интихоботи миёнадаврӣ 97,5 фоиз вакилони интихобкунанда аз ВМКБ ва 83,45 фоиз вакилони интихобкунанда аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр салоҳиятнок ҳисобида шуд.

Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Август 26, 2022 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд