Лигаи футболи Тоҷикистон ҷадвали бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми 2022-ро тасдиқ намуд

Август 3, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022-ро тасдиқ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чор бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни бошгоҳҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Регар-ТадАЗ» – КМВА, «Кӯктош» – «Хуҷанд» ва «Истиқлол» – «Моҳир» 6 август баргузор мешаванд. Се вохӯрии дигари даври 1/8-ниҳоии Ҷоми кишвар миёни дастаҳои «Эсхата»–«Ҳосилот», «Саройкамар»–«Ҳулбук» ва «Хатлон» – «Истаравшан» 7 август доир мегарданд.

Рақобати дастаҳои «Динамо» ва «Файзканд» дар рӯзҳои захиравии тақвим барпо мегардад, зеро футболбозони бошгоҳи «Динамо» ҳайати асосии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)-ро ташкил медиҳанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар чемпионати CAFA-2022 дар Душанбе ширкат мекунад.

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз яквохӯригӣ иборат хоҳанд буд. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии рақобат ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, пас бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб аз натиҷаи зарбаҳои 11-метра маълум мешавад.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2022

1/8-ниҳоӣ

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 18:30 оғоз мешавад

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

 

7 август (якшанбе)

Бозиҳо соати 16:45 оғоз мешаванд

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Хосилот» (Фархор)

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

7 август (якшанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)

Панҷ, варзишгоҳи марказӣ

 

7 август (якшанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Акс: ФФТ

Август 3, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид