Миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон 13 август дар шаҳри Норак 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
13 август дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон баргузор гардид. Дар форуми мазкур Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.
Дар Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё миёни мақомот ва соҳибкорони ҳарду вилоят 23 созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Харитаи роҳ миёни ду вилоят, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки ба пешрафти ду вилоят мусоидат мекунанд.
Дар охир ба хотири равнақи дӯстию рафоқат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС: МИҲД вилояти Хатлон








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






