МУКОФОТ МУБОРАК! Чанд нафар адибон соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва унвони ифтихории Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон гардиданд

Август 26, 2022 14:31

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Аз ҷумла теъдоде аз адибон сазовори мукофотҳои баланди давлатӣ гардиданд.

Ато Ҳамдам сазовори унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷӯра Ҳошимӣ ва Муҳтарам Ҳотам  соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуданд.

Ато Ҳамдам   — нависанда, рӯзноманигор ва драматурги тоҷик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи Тогҷикистон,   (1999), Узви Иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон (1997), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  (1970) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979)   муаллифи беш 15 маҷмӯаи очеркҳо,   намоишномаҳои театри «Писари Ватан», «Пеш аз борон», «Сабақ», «Ҳар қиссаро анҷомест»,  «Бо номи ҳаёт», «Бори каҷ», «Фарзанди якум», «Ба истиқболи субҳ»,  «Самар» ва ғайра мебошад.

Дар ҳаммуаллифӣ бо адиби русзабони Тоҷикистон Леонид Чигрин романҳои «Шоҳроҳи Абрешим» (2002), «Садди Суғд» (2003), «Садди Хатлон», «Ишқи помирии венетсиягӣ» (ҳар ду 2007), «Ситораи рӯзи Имоми Аъзам» (2009), «Хатои Темурланг» (2011) ва повестиҳуҷҷатии «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» (2011)-ро таълиф намудааст, ки ба мавзӯъҳои таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бахшида шудаанд. Романи «Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак», ки низ ҳамроҳи Л.Чигрин таълиф шудааст, дар Канада ба алифбои арабиасоси форсӣ ва англисӣ ба табъ расидааст. Асарҳои ӯ ба баъзе забонҳои кишварҳои ИДМ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ато Ҳамдам повестҳои Георгий Марков  «Замини Иван Егорович», «Айёми ҷангии ман», пйесаҳои Александр  Вампилов – «Латифаҳои деҳот», Тавфиқ Ҳаким – «Тири бехато», Ҷон Голсуорси – «Виҷдон», С. Алёшин – «Кори гражданӣ» ва ғайраро ба тоҷикӣ гардондааст.

Пйесаи «Самар» соли 1983 ба гирифтани мукофоти ҳавасмандкунии Вазорати маданияти ИҶШС ва ИН ИҶШС, мазҳакаи «Сафармахсум» дар озмуни «Парасту – 93» (Душанбе) ва дар Озмуни байналмилалӣ «Наврӯз – 93» (Ашқобод) ба гирифтани Шоҳҷоиза   мушарраф гардидааст.

Ҷӯра Ҳошимӣ бо маҷмӯаҳои шеърии  худ  «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии Абдумалик Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи маънавии насли наврас  хизмати шоёни таҳсин кардааст.. Силсилаи ашъори ватандӯстонаи ӯ «Хатти амонӣ» (1989) раҳовардест аз даврони аскарӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, анҷом додааст. Ҳамроҳи оҳангсозони шуҳратманди ҷумҳурӣ, монанди Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Охундзода, Қ. Яҳёзода, Х. Абдулло, З. Зулфиқоров, Зарина Миршакар, Ҷ. Обидпур ва дигарон барои кӯдакону наврасон як қатор сурудҳои ҷолиб офаридааст. Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву донишкадаҳои олӣ ворид гаштаанд. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад.

 Муҳтарам Ҳотам аз шоирони нозукбаёни муосири тоҷик аст. Китоби ӯ «Сухандору», ки соли 2018 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, ишора ба он аст, ки дар маҷмӯа нуктаи меҳварӣ сухан мебошад, сухани таскинбахш ва давоию мумиёӣ, ки бо рӯҳи инсон иртиботе қавӣ дорад. Муаллиф, ки дар дунёи шеър на мусофиру муҳоҷир, балки ватандоре асил аст, ниёзи хонандаро ба сухани воло хуб дарк мекунад. Ин шоири дардошно, ки аз буҳрони маънавии инсон огаҳии комил дорад, чораву илоҷи онро танҳо дар сухан мебинад ва чун дар илоҷи дарди инсон дигар чораҳоро бечора меёбад, гирифторонро ба сухандармонӣ мехонад.

Ин шоири «ватандардил»-у «ватандарҷон» дар оғози китоб ашъори ватанпарваронаро ҷой дода, ба ин васила аз меҳру муҳаббат ва садоқати самимию бепоён нисбат ба ёдгори муқаддаси аҷдодӣ шоирона дарак медиҳад. Муаллиф бар ин бовар аст, ки яке аз вазифаҳои асосии шоир ва шеър таблиғу ташвиқи худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ мебошад. Муҳаббати шоирона ба Ватан боис гардидааст, ки Муҳтарам Ҳотам Тоҷикистонро дар баробари қиблаи ормон, равзаи ризвон, ҷони сайёраи гардон, ҳамчунин рукни шашуми эмону эътиқод бихонад.

***


Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022  ба адибони зерин супорида шуд:

Дар бахши адабиёт  ба Ато Мирхоҷа барои романи «Саройи санг» ва ба Юнус Юсуфӣ барои романи «Киштии Нуҳ» (ҳарду асар аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шудаанд);

Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон ба адиб Азизи Азиз барои китоби «Як каф гандум (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  пешниҳод шудааст)

Дар бахши театр ва синамо ба коргардони театр Давлаталӣ Убайдуллозода барои  спектакли  «Пайкари миллат» (аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ  пешниҳод шудааст);

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба Амирбек Мӯсозода барои операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»(аз ҷониби Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон  пешниҳод шудааст);

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ ба рассом Олим Рабизода барои  силсилаи асарҳои тасвирии «Президент — кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома» (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд).

Дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ ба Одил Икром барои тарҷумаҳои «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пешниҳод гардидаанд).

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 26, 2022 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 оғоз гардид
Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, бояд як муассисаи томактабӣ бунёд карда шавад
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
Президенти Тоҷикистон: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»
Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ сохтмони бинои кӯдакистон оғоз гардид