ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Ҳисор корхонаҳои бузурги истеҳсолии «Гофра Агрегат» ва «Коғази Шарора» ба фаъолият шурӯъ мекунанд

Август 4, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат дар остонаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор ду корхонаи бузурги саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ — борҷома ва банду басти қуттиҳои коғазӣ- «Гофра Агрегат» ва «Коғази Шарора» расман ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ки дар натиҷа 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Корхонаҳои саноатии «Гофра Агрегат» ва «Коғази Шарора» дар маҳаллаи Соҳибдилони шаҳраки Шарора ҷойгир буда, ба истеҳсоли даҳҳо намуд қуттиҳои картонӣ, зарфу халтаҳои коғазӣ, ҷилди банду басти масолеҳи маишии замонавӣ ва дигар маҳсулоте, ки аз коғаз барои бандубасти маҳсулоти хӯрокворӣ ва молу маҳсулот дар шаклу андозаҳои гуногун заруранд, машғул мебошанд.

Корхонаи «Гофра Агрегат» аз панҷ хати технологӣ иборат буда, дар кишвар дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ баъд аз корхонаи банду басти шаҳри Бӯстон маҳсуб мешавад. Дар коргоҳҳои корхона таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири истеҳсоли кишварҳои Чину Олмон насб гардидаанд, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имконияти васеи тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда доранд. Корхона аз ҳисоби ашёи хоми ватанӣ ва қисман Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият намуда, иқтидори лоиҳавии солонааш коркарди 2 ҳазор тонна ашёи хомро ташкил медиҳад.


Маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони худро пайдо менамояд. Аз ин рӯ, корхона айни ҳол ширкатҳои «Тарз», «Мурғи Шарора», «Грин Фудс», «Тиҷорат Қанд» ва дигар корхонаҳои кишварро бо маҳсулоти хушсифат таъмин менамояд ва имкон дорад оянда ба кишварҳои минтақа фурӯши онро ба роҳ монда, дар иқтидори содиротии мамлакат саҳм гузорад. Инчунин метавонад ба тоҷирону кишоварзоне, ки ба содироти меваи хушк машғуланд, қуттиҳои банду басти меваи хушкро бо навиштаҷот ва тамғаи корхона пешниҳод намояд.

Фаъолияти корхонаи «Коғази Шарора» асосан ба истеҳсоли коғаз нигаронида шуда, иқтидори солонааш 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Шумораи коргарон 100 нафар буда, мутахассисони покистониву чинӣ низ бо онҳо дар ҳамкориянд. Ашёи хом аз дохили кишвар, Русия ва Қазоқистон дастрас карда мешавад.

То моҳи сентябр, ки корхонаҳо расман ба фаъолият шурӯъ менамоянд, саҳни ҳавлии онҳо ободу зебо гардонида шуда, роҳраву нишастгоҳҳо ва саҳни корхонаҳоро гулу буттаҳои ороишӣ зиннат мебахшанд. Маросими ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври пуршукӯҳ баргузор мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 4, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд