Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ брифинг баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 9 декабр дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир мешавад.
Ҳадафи баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд муаррифии имконоти мавҷудаи Тоҷикистон дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия, ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми байналмилалии сармоягузории соҳаи маъданҳои кӯҳӣ-металлургӣ 29 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






