Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Август 31, 2022 12:20

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе асос гузоштанд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи тарҳи бунёди бинои филиали донишкада шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рушди идоракунии Сингапур дар асоси мулоқотҳои дуҷониба ва мувофиқаи тарафҳо бо мақсади ифтитоҳи Фиилиали мазкур дар Тоҷикистон 30 июни соли 2020 “Ёддошти тафоҳуми ҳамкории академӣ” ба имзо расонида шуд.

Фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои таъсиси филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе” ба роҳ монда мешавад.

Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соли 1956 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи ғайритиҷоратии таълимии пешсаф дар давлати Сингапур бо риояи сиёсати таҳсилоти доимӣ дар давоми ҳаёти инсон, сеюмин филиали худро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ифтитоҳ менамояд.

Бино ва иншооти бунёдшавандаи Донишкада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо тарҳу усули замонавӣ тарҳрезӣ гардида, масоҳати умумии иншоотҳо беш аз 20 ҳазор метри мураббаъро бо дарназардошти бинои маъмурӣ, синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, лабораторияи компютериву киберамниятӣ, китобхона, бойгонӣ, ошхона, толори варзиш, толори вохӯрӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон ташкил медиҳад.

Филиали Донишкада имкон дорад 2500 донишҷӯйро барои идомаи таҳсил қабул намояд.

Низоми таҳсили Донишкада барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 12 сола бидуни курсҳои солонаи омодагӣ ва барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 11 сола бошад, як соли курсҳои омодагӣ пешбинӣ мешавад. Муддати таҳсил дар зинаи бакалавриатура 4 сол ва дар зинаи магистратура 2 сол мебошад.

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе аввалин намояндагии донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бояд аз ин дастгириҳои пайвастаи роҳбари давлат ва шаҳрдорӣ истифода намуда, ҳарчи бештар донишҳои муосирро азхуд намоянд.

Ҳадафи асосии таъсиси филиали мазкур дар шаҳри Душанбе эҷоди фазои рақобати солим дар самти илму маориф бо ҷалби сармоя ва иқтидори зеҳнию касбӣ, тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар самти омода намудани кадрҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон зарур ва таъмини бозори меҳнати дохилии кишвар бо мутахассисони варзидаи соҳибкасб дар соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Тибқи Созишномаи байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур таҳсил дар филиал бо забони англисӣ ва ба таври шартномавӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди таҳсил ва фаъолияти методӣ, стандартҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии филиали донишкада мутобиқи стандартҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар зинаҳои бакалавр ва магистратура дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди бинои филиал иттилоъ дода шуд, ки таҳсил дар Донишкада аз рӯи самтҳои “менеҷменти саноатӣ”, “сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмондорӣ”, “амнияти иттилоотӣ ва кибернетикӣ” бо фарогирии омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ, таърихи Тоҷикистон ва дигар ҷузъиётҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад. Қабули довталабон ва аттестатсияи хатмкунандагон тибқи тартиб ва муҳлатҳои аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур муқарраргардида, амалӣ карда мешавад.

Дар рафти муаррифии лоиҳаи намунавии бинову иншооти бунёдшаванда Пешвои муаззами миллат диққати асосиро ба назорати корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои бехатарӣ дода, барои насли навраси кишвар, ки дар Донишкада таҳсил хоҳанд кард, ташкили шароити сазоворро тавсия доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари оғози корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди бинои Донишкада, аз соли таҳсили нав, яъне аз моҳи сентябри соли 2022 фаъолияти омӯзишии Донишкада оғоз гардида, аз рӯи тахассусҳои пешбининамуда мутахассис омода карда мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур доктор Эрик Куан дар ифтитоҳи расмии фаъолияти таҳсилотии Донишкада дар бинои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳозиринро ба муносибати ба фаъолият оғоз кардани Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингупур дар пойтахт тибрик намуда, ин рӯйдоди муҳимро дар оғози соли нави хониш дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати табодули таҷрибаи илмию амалӣ муҳим арзёбӣ карданд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки низоми таҳсил ҳарчи бештар ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе дар суханронии худ дар маросими оғози фаъолияти Донишкадаи менеҷменти Сингапур самти тарбияи насли наврас, дастрасӣ ба дониши сатҳи хуб, омода намудани кадрҳои ба талаботи имрӯзаи ҷаҳон ҷавобгӯй ва фароҳамоварии шароитҳои сазоворро ба таври возеҳу дақиқ зикр намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар оғози соли нави таҳсил ва ба фаъолият шуруъ намудани даргоҳи илм барору комёбиҳо орзу карданд.

Президенти Донишкада доктор Эрик Куан дар баромади худ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои мусоидат ва ташкили фазои корӣ ва ба фаъолият оғоз намудани филиали ин муассисаи олии таълимӣ дар пойтахти зебоманзари тоҷикон изҳори сипос намуданд. Бо итминон изҳор доштанд, ки фаъолияти Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ба таври пурсамар ба роҳ монда мешавад.

Зимни муарифии имкониятҳо фаъолияти бомуваффақияти донишкада дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисос таъкид гардид.

Бунёду ба истифода додани биноҳои типи нави муассисаҳои таълимӣ, ворид намудани технологияи муосир ва ба фаъолият оғоз кардани филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои дуру наздики сайёра давоми солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки шаҳри Душанбе ба макони илму дониш ва рушди соҳаи маориф табдил ёбад.

Сипас, дар маросими оғози фаъолияти Донишкадаи менеҷменти Сингапур аз ҷониби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбари Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Тоҷикистон Эрик Куан калиди рамзӣ супорида шуд.

Ҳамзамон филиали донишкада соҳиби сертификати рамзӣ гардид.

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои фароҳам овардани шароити замонавии таҳсил бо талошу кӯшишҳои пайвастаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар он беҳтарин шароит барои таҳсили ҷавонон фароҳам оварда шудааст.

Ба фаъолият оғоз намудани Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар доираи ҳадафҳо ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои муосири таълим, мутобиқ шудани имконияти соҳаи маориф ба талаботи байналмилалӣ ва омода шудани кадрҳои лаёқатманд нақши муҳим хоҳад гузошт.

Дар доираи амалигардонии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкорию ба фаъолият оғоз намудани филиалҳои муассисаҳои таълимии бонуфузи давлатҳои пешрафтаи дунё тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешавад.

Оғози фаъолияти Донишкада дар шаҳри Душанбе шаҳодати сулҳу оромӣ, пешрафти ҷомеа, кӯшиши омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ, дастрасӣ ба барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва дар маҷмуъ пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар тавассути омодакунии кадрҳои соҳибтахассус маҳсуб меёбад.
Маросими гузоштани санги асос барои сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе 31.08.2022

Август 31, 2022 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд