Сафири Тоҷикистон Эрна Ҳайзерро бо 80-солагии зодрӯзаш табрик кард
ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар Берлин меҳмони Эрна Ҳайзер шуд ва ӯро ба муносибати расидан ба синни 80-солагӣ табрик намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бо назардошти саҳми назарраси мусиқишинос ва оҳангсоз Эрна Ҳайзер дар ташвиқи санъати миллии тоҷик дар Олмон, Имомудин Сатторов ба мавсуф номаи шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзодаро ироа кард.
Эрна Ҳайзер ҳамзамон барои хизматҳои шоён дар муаррифии илму фарҳанги тоҷик дар кишвари иқомат ва ҳамчун узви фаъоли Раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон бо Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Эрна Ҳайзер ҳамсари оҳангсози новари тоҷик Фирӯз Баҳор буда, шуруъ аз соли 1996 инҷониб ҳарду дар Олмон умр ба сар мебаранд.
Номбурдагон бинобар синну солашон бознишаста буда, новобаста аз ин ба корҳои эҷодӣ машғул мебошанд.
АКС: Сафорати ҶТ дар ҶФО









Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






