Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.
Боғи себ 5,21 гектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавии бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он моҳи сентябр пурра пухта мерасад.
Гуфтан ба маврид аст, ки боғи себ соли 2008 таъсис дода шуда, он аз соли 2013 самар медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хоҷагидорону боғдорон таъкид намуданд, ки боғу боғдорӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон баҳри рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбор, ки дар баробари таъмини бозорҳои ватанӣ аз иқтидорҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, тадбирҳо меандешад.
Боғи бодом дар ин мавзеъ дар 4 гектар соли 2008 бунёд карда шуда, дар масоҳати 6 бар 4 1200 бех ниҳоли бодом шинонида шудааст.
Давраи пухта расидани меваи донакдори бодом июлу август арзёбӣ мегардад. Парваришу ҳосилбандии меваи бодом собит менамояд, ки иқлиму обу хоки минтақа ба парваришу истеҳсоли бодом мувофиқ аст. Намудҳои “лангедок”, “десерти”, “пистабодом” аз навъҳои асосии боғи бодом мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Самаренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуд аст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






