Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби ХХДТ-ро ба истифода супориданд

Август 11, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.

Бинои ҳизб дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тариқи ҳашар бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои кормандон шароити беҳтари корӣ муҳайё карда шуд.

Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин бинои наву замонавӣ аҳсану офарин хонданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба фаъолияти софдилонаву содиқона ба нафъи давлату миллат ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҳизб ҳидоят намуданд.

Дар таҳхона барои ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарони хонанишин курси омӯзиши компютерӣ, маҳфилҳои рассомӣ, сабадбофӣ, адрасу атласбофӣ ва тоқидӯзию сӯзанидӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҷавонон ба курси омӯзиши компютерӣ ҷалб карда шуда, технологияи иттилоотии коммуникатсиониро пурра аз худ намоянд.

Август 11, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон