Сарони ҳамаи кишварҳои узви СҲШ иштироки худро дар нишасти Самарқанд тасдиқ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи ҳашт кишвари узви Созмони ҳмкории Шанхай (СҲШ) иштироки роҳбарони худро дар нишасте, ки баргузории он 15-16 сентябр дар Самарқанд дар назар аст, тасдиқ карданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи ҷумъа, 26 август дар брифинги хосса Дабири кулли СҲШ Чжан Мин иттилоъ дод.
«То ба имрӯз ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аллакай иштироки роҳбарони худро дар ин нишаст тасдиқ кардаанд», — гуфт ӯ.
«Дар мавриди қолаби баргузории нишаст бояд гуфт, ки ҳамаи ҳашт ҷониб умедворанд ҳарчӣ зудтар ба сиғаи анъанавии мо, ки ин самараноктар аст, баргарданд», — зикр намуд ӯ.
«Аммо ҳама тарафҳо дарк мекунанд, ки пандемия воқеияти ҳол буда, вирус пайваста тағйир меёбад»,- афзуд Дабири кулл.
«Дар айни замон бисёр тағйирёбандаҳои номаълум мавҷуданд. Ҳоло ман пешгӯӣ карда наметавонам, аммо гуфта метавонам, ки ҳама ҷонибҳо умедҳои мусбат доранд», — таъкид кард ӯ.
Дабири кулл ҳамчунин зикр кард, ки нишасти дарпешистода марҳилаи муҳим дар рушди созмон хоҳад буд.
Қаблан Чжан Мин иттилоъ дода буд, ки Беларус барои пайвастан ба Созмон ҳамчун узви комилҳуқуқ муроҷиат намудааст.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоҳангсози миллии ин кишвар дар СҲШ Раҳматулло Нуримбетов низ доир ба омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи Созмон дар Самарқанд нишасти хабарӣ доир намуд.
«Ҳамчунин тасдиқи ширкати ҳузурии сарони кишварҳои нозири СҲШ – Беларус, Эрон ва Муғулистон вуҷуд дорад. Дар доираи ташкилоти мо таҷрибаи даъвати меҳмонони кишвари раисикунанда ба нишастҳо таҳия карда шудааст. Бар асоси ин ва бо дарназардошти миқёси ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд дар он иштироки роҳбарони якчанд давлатҳо, ки ба сифати меҳмони ҷониби Узбекистон даъват шудаанд, дар назар аст. Миёни онҳо, аз ҷумла, президентҳои Туркия ва Туркманистон низ ҳастанд. Ҷиҳати иштирок дар нишасти мазкур якчанд кишварҳои дигар, ки шарикони наздики Узбекистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ мебошанд, изҳори таваҷҷуҳ намудаанд», — гуфт Раҳматулло Нуримбетов.
Илова бар ин, дар ҳамоиш ҳамчунин иштироки сарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки СҲШ бо онҳо робитаҳои расмӣ барқарор кардааст, аз ҷумла СММ, ЭСКАТО, ЮНЕСКО, ИДМ, СААД, ИИА, МҲТБО (Машварати ҳамкорӣ ва тадбирӣои боварӣ дар Осиё), СҲИ ва Лигаи кишварҳои араб дар назар аст. Дар маҷмӯъ, дар ин нишаст сарони ҳудуди 15 давлат ва роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
СҲШ соли 2001 бо имзои як эъломияи дахлдор аз ҷониби сарони кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис ёфтааст. Дар солҳои минбаъда ба онҳо Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд. Ҳамкории давлатҳо дар сатҳҳои гуногун – шуруъ аз таъмини сулҳу субот то табодули дониш ва технологияҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф сурат мегирад.
Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Шарикон — Шри-Ланка, Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа ва Непал ба шумор мераванд.
Дар назар аст санадҳо оид ба тавсеаи СҲШ ба имзо расанд.
Нишасти СҲШ дар Самарқанд чорумин ҳамоишест, ки дар Узбекистон мегузарад. Қаблан чунин чорабинии муҳими байналмилалӣ танҳо солҳои 2004, 2010 ва 2016 дар Тошканд баргузор шуда буд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд






