Шветсия аз 1 сентябр ҳаракати велосипедҳои барқиро дар роҳҳои пиёдагард манъ мекунад

Август 1, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябр мақомоти Шветсия ҳаракати велосипедҳои барқиро дар роҳҳои пиёдагард манъ мекунанд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ҳамчунин аз ин сана манъи таваққуфи велосипедҳои барқӣ дар пайроҳаҳои пиёдагард ва велосипедронӣ ҷорӣ мешавад. Онҳое, ки ин қоидаҳоро вайрон мекунанд, бояд барои пардохти ҷарима омода бошанд.

Вазири инфрасохтори Шветсия Томас Энерут тавзеҳ дод, ки бо ин роҳ мақомот мехоҳанд тартиботро дар кӯчаҳо барқарор ва барои ронандагони велосипедҳои барқӣ меъёр муқаррар кунанд. Ба гуфтаи вазир, велосипедҳои барқӣ дар роҳҳои  пиёдагардон барои роҳгузарон мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд ва дар ин маврид бояд тадбир андешид.

Тибқи иттилои мақомот, солҳои 2016-2018 ҳамасола тақрибан 20 садамаи марбут ба велосипедҳои барқӣ рух додааст. Солҳои минбаъда шумораи чунин осебҳо зиёда аз 700 ва дар шашмоҳаи аввали соли 2021 аллакай 1056 ададро ташкил дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 1, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид