Сомон ва Холмаҳмад аз Мусобиқаи байналмилалии гӯштини дзюдо дар Қазоқистон бо медалҳои тилло баргаштанд

Август 30, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 29 август варзишгарони навраси тоҷик — Сомон Турсунзода ва Холмаҳмад Пиров, ки дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон (27-28 август) сазовори ҷойҳои якум ва медалҳои тилло шуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, ба Ватан омаданд. Дар ин бора Директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ҳисор пешвоз гирифтанд.

Бояд гуфт, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб карда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ миёни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.

Паҳлавони навраси тоҷик Холмаҳмад Пиров низ дар мусобиқаи мазкур дар вазни то 50кг тавонист бар ҳарифонаш аз давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ғолиб омада, сазовори медали тилло гардад.

Дар мусобиқа ба ифтихори ин наврасони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон боло бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 30, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд