ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, ҷумъа, 231-умин рӯзи соли 2022 аст
19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.
***
11 cол пеш, 19 августи соли 2011 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вақти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардиданд.
19 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии сурат.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии кумаки башардӯстона.
***
Рӯзи байналхалқии ҷонварони кӯчагард.
***
Дар Афғонистон – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ карданд.
***
19 августи соли 1973 дар Юнон монархия расман бекор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1980 дар фурудгоҳи Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳавопаймо оташ гирифтааст, ки дар натиҷа 301 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
19 августи соли 2004 ширкати «Google» тахфифҳои худро ба бозор баровард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1848 рӯзномаи «The New York Herald» аввалин хабарро дар бораи пайдо шудани тилло дар Калифорния нашр намуд.
***
Соли 1922 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи «Милитсия» нашр шуд.