ТАБИАТ ҶОН БА ИНСОН БАХШАД ИН ҶО. Дар фасли сайру саёҳат ва истироҳату фароғат истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон интизори муштариён ва дӯстдорони табиатанд
ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба Тоҷикистон қариб 370 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 238 ҳазор ё қариб 2,9 маротиба зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият намуданд, ки аз ин шумора 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 адад марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 адад хонаҳои истироҳатӣ, 1 пансионат ва кемпинг, инчунин 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд. Айни замон дар Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст.
«Сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати боз ҳам бештар рушд додани он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад тайи чанд соли охир Ҳукумати мамлакат иқдомҳое амалӣ намуд, ки дар натиҷаи онҳо ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд», — менависад Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.
— Мавриди зикр аст, ки барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи «Стратегияи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд ва имконоту бартарияти мамлакат ҳамчун бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ мегарданд.
Дар давраи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори нахуст дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба беш аз як миллион расид.
Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ саривақтӣ арзёбӣ гардид. Дар радифи ин ташаббуси фарогир Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳанги асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви созмон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳиро барои соли 2020 Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон дошт.
Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 симои сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур намуд. Дар сафи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил гаштани шоҳроҳи Помир ҳамчун даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин ба қатори 19 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштани сайёҳии мамлакат ва дар ин росто касб намудани мавқеи намоён дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.
Дар бораи яке мавзеъҳои биҳиштии кишвари маҳбубамон Уреҷ банда соли гузашта дар сомонаи АМИТ «Ховар» маълумот ва шеъракеро бо номи «Уреҷ» интишор дода будам, ки аз ҷониби дӯстдорони табиат хуш истиқбол ёфта буд. Инак, дар фасли сайру саёҳат ва истироҳату фароғат бори дигар барои муштариён ва дӯстдорони табиат ёдоварие аз Уреҷ мекунам.
Уреҷ мавзеест биҳиштиву бешабеҳу лотасвир бо ҷангалзори сарсабзи ҳазоронсола, бо рӯдборони зулолу накҳатбор, бо ҳавое, ки сафобахши ҷисму ҷон аст… дар қаламрави Кӯли Калони кӯҳистони Панҷакент. Агар мавзее бошад, ки бидуни дармону дору гаронтарин беморонро шифо ва дубора ҷон бахшад, бидуни тардид Уреҷ аст.
Уреҷ ва қаламрави сайёҳии Кӯли Калонро сайёҳони олам хуб медонанду мешиносанд ва даҳсолаҳост, ки сайёҳон аз тамоми гӯшаҳои олам хусусан аз Фаронса, Италия, Олмон, кишварҳои Балтика, Русия, Украина, Чехия, Словакия ва ғайраҳо ҳамасола ба ин мавзеи дӯстдоштаи худ меоянд ва ҳатто агар гӯям, ки беҳтару бештар аз мо ҳар мавзею ҳар кӯлу чашмаву обшори онро мешиносанду дӯст медоранд, иштибоҳ нахоҳад шуд.
Пас аз қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дарвозаҳои табиати Тоҷикистони азизи мо бо фарру шукӯҳи тоза ва имконияти беҳтару шароити созгортар ба рӯи сайёҳони олам боз гардид. Ҳатто новобаста ба маҳдудияте, ки бемории коронавирус ба вуҷуд овард, пою қадами сайёҳони олам аз кишвари биҳиштии мо канда нагардид ва банда амвоҷи сайёҳони дилбохта ба кӯҳистон ва мавзеъҳои таърихии кишварамонро дар Бадахшону Хатлон, Суғду Зарафшону Ҳисор дида, ба ваҷду ифтихор омадаам. Аммо азбаски Уреҷро наҷотбахши ҷисму ҷони инсонҳо меҳисобам, ҳамасола ба ин ҷо меоям, ҳосили боздиди навини худ- шеърҳоеро, ки муаррифии шоиронаи ин мавзеъи бешабеҳанд, пешкаши хонандагони азиз ва дӯстдорони табиат менамоям.
Воқеан бояд гӯям, ки дар Уреҷ истироҳатгоҳи сатҳи баланд бо тамоми шароити воло ва таваққуфгоҳи сайёҳон ҳамарӯза пур аз сайёҳону муштариён ва интизори меҳмонон мебошад.
Инак, бардоштҳову таассуроти гарми худро аз ин мавзеи биҳиштии Ватан тақдими хонандагони гаронқадр мекунам.
ДАР ОҒӮШИ УРЕҶ
Дар оғӯши Уреҷам — арчаи рӯида рӯи санг,
Дар оғӯши Уреҷам — бурси рӯида
Канори нанг.
Вузӯ аз обҳои чашмасорони зулоли кӯҳ,
Тавонамро бубахшад ҷон,
Равонамро бубахшад рӯҳ…
Дар оғӯши Уреҷам, охирин нахли заранги кӯҳ,
Ба зӯри панҷаҳои решаҳоям дошта аз домани харсанг,
Ба зӯри қабзаҳои решаҳоям дошта аз домани Меҳан
Ба ору нанг…
Ҳазоронсола рамзи ҳастии сарсабзи кӯҳистон,
Ҳазоронсола рамзи бехазонӣ, пайкари имон.
Ба поси рафтагон, бар хотири ояндагон подор хоҳам буд,
Сипар аз бодҳои сарду тунду беамони даҳр,
Сафоро ёр хоҳам буд,
Чунин дар ҳифзи худ, дар ҳифзи ҳар як пораи меҳан
Зи худ вораставу бедор хоҳам буд.
Дар оғӯши ҳазоронсола кӯҳистони сарафроз,
Дар оғӯши ҳазоронсола рӯҳистони пур аз роз
Худоро ёр хоҳам буд!
Дар оғӯши Уреҷам бо насиму накҳати шаббодаҳо ҳамроз,
Ба савти ҷӯйборони равон ҳамсоз,
Ба лаҳни мурғакони хушпару хушлаҳн ҳамовоз…
Дар оғӯши Уреҷам, чашмаҳояш чашмаи Кавсар,
Дар оғӯши биҳиштам, сарнавиште нест волотар,
Дар оғӯши Уреҷ аз мансабу аз минбару
аз ҷамъи тахти даҳр болотар,
Дар оғӯши Уреҷам маҷмаи фар, пайкари ихлос,
Дар оғӯши Уреҷам мутмаин, бо қомати бовар…
Ҳама рамзи саодат нозанинам ман,
Ҳама пайғоми нусрат дар ҷабинам ман,
Бимон, сабзам, бимон сабзам, бимон сабзам,
Наҷоти ин заминам ман!
Наҷоти одаминам ман!
Бимон сабзад маро дар бар
Ба ҷои он ҳазорон арчаи аз ҳирси инсон маҳв гардида,
Ҳазорон арчаи дигар..,
Бимон аз решаи шодоби ман сад гуна гул рӯяд,
Шукуфад қабза-қабза сабза–пойандози хушбахтӣ,
Қадамгоҳи фару эҳсон.
Бигӯ бар ин табардастони бераҳму касофатбор,
Маро на, решаҳои асли асли хешро бибридаанд осон.
На ман, файзу фари фардои аҷдодон равад бар бод.
Ҳама ин маргбори селу ҷангалҳои бибрида,
Бувад аз наҳси шуми ин табардастон…
Аё Меҳан, аё Меҳан!
Бубин дар ман заранги охирину арчаҳои вопасинатро,
Бикун ҳифзам,
Ки ман хушкам агар, хушкад ҳаёти сабзи кӯҳистон,
Ки андар хоки хушкида
Нарӯяд дил, нарӯяд ҷон.
Вале ҳоло,
Ба оғӯши биҳиштият расидам, ҷангали сарсабзи кӯҳистон,
Ки рӯзе чанд
Канори арчазоронат бисабзам, тоза ёбам ҷон,
Ки аз ин обшори кокулафшонат
Ва аз ин накҳати шаббодаҳои поки домонат,
Зи оҳанги сафобахши сурури ҷӯяки оби равон,
аз ин ҳаво,
аз ин ҳавои ҷофизои атрбору пур зи эҳсонат,
Дар оғӯши фараҳафшони пурамну сафоборат
Чуноне, к-аз нафасҳои Худованди кариму поку беҳамто
Равон ёбам, амон ёбам,
Сиришти ҷовидон ёбам..!
17.07.2022.
ТАБИАТ ҶОН БА ИНСОН БАХШАД ИН ҶО
Ҷаҳоне, ки ҷаҳон пешаш ба ҳеҷ аст,
Уреҷ аст, эй азизи ман, Уреҷ1 аст.
Ҳавое, ки ба беҷон ҷон бубахшад,
Сафое, ки фару эҳсон бубахшад.
Зарангу зирку балдирғон, гули санг..,
Ҳама эъҷози Монӣ, боғи аржанг.
Лаби ҷӯ майсаҳои печ дар печ,
Намои ишқи печон, шаҳди вағнич2.
Занам паҳлу ба паҳлӯи гули хор,
Шукуфад табъам аз бӯи гули хор.
Дилам покиза аз оби зулол аст,
Нафасҳои дилу ҷонам ҳалол аст.
Сабо дар шаршара ғижжак навозад,
Курӯш андар лаби ҷӯ қад фарозад.
Ҳазоронсола бурс андар сафо бин,
Дар оғӯши сабо рақси само бин.
Чу гул бишкуфтаву чун сабза сабзӣ,
Агар бо сабзаву гулҳо банабзӣ.
Чу гул, чун сабза шав аз хеш изҳор,
Шукуфон ишқро в-аз ҷонт буброр.
Бари оби равонаш рав, равон ёб,
Канораш шину файзи бекарон ёб.
Ҳаво доруст ин ҷо, об дору,
Бувад дору навову накҳати ҷӯ.
Биомӯз аз табиат нек будан,
Дилатро бо сад эҳсоне кушудан.
Ту ҳам бахшо ба мардум хайру эҳсон,
Ки ёбӣ хайру эҳсони фаровон.
Биомӯз аз табиат шод будан,
Чунин озодаву озод будан…
Надидам ман дигар ҷое, ки ин сон,
Дубора боз ҷон бахшад ба инсон.
Замон мафтуну афсуни Уреҷ аст,
Ҷаҳон дар пеши ин эъҷоз ҳеҷ аст.
————
1. Уреҷ-мавзеъи истироҳатиест дар кӯҳистони Панҷакент, дар яке аз сарчашмаҳои рӯди Зарафшон бо шароити барои табобату истироҳат созгор, ҳамоно, қароргоҳи сайёҳон ва бунгоҳи алпинистӣ.
2. Заранг. Қавитарин дарахти кӯҳистон аст, ки мутаассифона, аз дасти табардастон қариб батамом маҳв гардидааст.
3. Вағнич. Буттагиёҳест, ки меваҳои ширину шифобахш ба бор меорад.
4. Куруш-балдирғон буттагиёҳи дармонбахшест, ки дар муҳити ҳавои пок, дар канори рӯдборҳои зулоли кӯҳистон мерӯяд, ҳавояш доруи асаб буда, нерубахши ҷисму рӯҳи инсон аст.
16.07.2022
УРЕҶ
Дидаӣ оё, ки дору дар ҳаво бошад?
Дарду ранҷу ғусса аз ҷонат раҳо бошад!?
Оби ҷӯ резад мусаффо бар дилу ҷонат,
Обшор оинаи субҳи сафо бошад.
Ҷойи дигар дидаӣ оё, ки лутфи Ҳақ
Пеш-пешат раҳнамову раҳкушо бошад.
Арчае рози ҳазоронсола дар ҷонаш
Парчами армони сабзи рафтаҳо бошад.
Оби ҷӯ ҷун оби рӯи марди кӯҳистон
Поку бегарду зулолу бо сафо бошад.
Бӯйи балдирғон навозад рӯҳро нармак,
Зирк бар ҳар узви ҷони ту даво бошад.
Чашма-чашма меҳр ҷӯшад аз ниҳоди ту,
Ҷисму ҷонат ҳамниҳоди кӯҳҳо бошад.
Санг ҳам ово барорад, гул кунад ҳатто
Махмали рангини гул ӯро қабо бошад.
Зирку бодому зарангу бурс ҳамрозат,
Каҳкашонат чатри рангин дар само бошад.
Нолаи мурғи ҳилолу қақраҳои кабк
Ҳамнавои рӯҳи пурармони мо бошад.
Оби раҳмат резад абраш, нури ҳақ барқаш,
Ҷангали сарсабз дар ҳифзат ба по бошад.
Мурда ояд, зинда баргардад, Уреҷ ин аст,
Ин замини лутфу эҳсони Худо бошад.
Истироҳатгоҳи Уреҷ,
22.07.2021
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
АКС: пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч